Вазорати дифоъ: Дар 42 рӯз нақшаи даъват 100% иҷро шуд
Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои 100 дарсади нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ қабл аз муҳлат хабар дод.
Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи ин ниҳод, имрӯз, 13 май ба “Озодагон” гуфт, нақшаи даъватро аввалин шуда, вилояти Хатлон иҷро кард. Ба дунбол комиссариатҳои ҳарбии 4 ноҳияи шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд аз иҷрои нақша хабар доданд. Вилояти Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ низ қабл аз муҳлати муайяншуда нақшаро иҷро карданд.
Оқои Маҳмадалиев мегӯяд, зимни даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз сӯи бархе волидон шикоятҳое низ ироа шуд, ки сари вақт онро баррасӣ карданд: “Масалан, баъзан волидон мехостанд, ки фарзандашон дар ин ё он ноҳия рафта хизмат кунад. Тибқи талаботи қонун ин дархостҳои онҳо баррасӣ мегардид”.
Фариддун Маҳмадалиев иброз дошт, дар қиёс ба солҳои пеш теъдоди ихтиёриён барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ афзудааст: ”Бубинед, дар 3 рӯзи аввал аллакай 3 ноҳия аз иҷрои пурраи нақша баромаданд, ки ин аз зиёд гардидани ихтиёриён гувоҳӣ медиҳад”.
Номбурда афзуд, дар 42 рӯзи даъвати баҳорӣ нақша сад фоиз иҷро гардид ва то охири моҳи май Комиссияи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ кори худро идома медиҳад.
Даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи ҷорӣ идома хоҳад ёфт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |