Владимир Путин ду корманди “Востокредмет”-и Тоҷикистонро афв кард
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия сешанбеи 12 май ду корманди “Востокредмет”, корхонаи коркарди уран дар Тоҷикистонро, ки дар соли 2009 бо ҳукми додгоҳ бо иттиҳоми “хиёнати давлатӣ” барои 22 сол аз озодӣ маҳрум шуданд, афв кардааст.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, акнун Александр Ботов, сармуҳандис ва Александр Бабошин, сардори бахши сохтмони асосии “Востокредмет” аз идомаи ҷазо озод хоҳанд буд.
Ботову Бабошин ҳамроҳ бо Шавкат Бобоҷонов, раҳбари ин корхона, Матин Зиёев, сарвари бахши амнияти дохилӣ ва Виссарион Тен, як шаҳрванди Узбакистон моҳи июни соли 2009 аз сӯи кормандони мақомоти амниятии вилояти Суғд боздошт шуданд. Додгоҳ Бобоҷонову Зиёевро даҳ сол ва шаҳрванди Узбакистонро 20 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ин парванда пушти дарҳои баста сурат гирифт, чун гуфта мешуд, дорои маълумоти сирри давлатӣ аст.
Александр Ботов ва Александр Бабошин, ки шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро доштаанд, баъд аз чанд муддат ба маҳбаси Русия интиқол шудаанд.
Корхонаи коркарди урани “Востокредмет” дар шаҳри Чкалов воқеъ буда, то суқути СССР бевосита ба вилояти Маскав итоат мекард. Он аносири аввалин бомбаи атомии Шӯравиро омода кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |