Дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Шашмақом (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар консерти идонае бахшида ба Рӯзи Шашмақом, барои рушди Шашмақом ба санъаткорон ва масъулин дастур додааст.
Ин консерт сешанбеи 12 май дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуда, дар он ҳунармандони ансамбли давлатии Шашмақом ба номи Фазлиддин Шаҳобов, ансамбли давлатии Фалак, гуруҳҳои рақсии Гулрез, Лола, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ва дигар санъаткорони тоҷик ҳунарнамоӣ карданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба маҳорати санъаткорон баҳои баланд дода, ҳамзамон барои таъмини рушду такомули бештару беҳтари Шашмақом, “аз ҷумла интихоб ва таълиму тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадори соҳа ва саҳмгузорӣ дар тарбияи ҳисси ифтихору сарфарозии насли наврас аз фарҳанги миллии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои судбахш дод”.
Рӯзи Шашмақом дар Тоҷикистон аз соли 1999 таҷлил мешавад. Созмони байналмилалии ЮНЕСКО Шашмақомро ба номгӯи ёдгориҳои санъати шифоҳии ҷаҳон шомил кардааст. Аксҳо аз торнамои расмии Президенти Тоҷикистон
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |