Бахшҳо

ҲХДТ дар бораи “ҳаёти пасипардагӣ, бесаводӣ ва пулхоҳӣ”-и Абдураҳмонов

Шӯрои ташкилоти "Созандагони Ватан", қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, имрӯз, 12 май бо нашри як изҳорот истеъфои Исфандиёр Абдураҳмоновро аз мақоми раиси ин ташкилот шарҳ додааст.

Дар ин изҳорот, бо таассуф таъкид мешавад, ки “кафолати муовини раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, ки масъулияти сарпарастии "Созандагони Ватан"-ро бар уҳда дошту исрор мекард, Исфандиёр Абдураҳмонов ҷавони кордону ташаббускор ва дар соҳаи тиҷорат фаъол аст, моро водор сохт, то ба таври истисно номзадии ӯро дастгирӣ кунем”. Ҷавонони ҳизби ҳоким гуфтаанд, ки дар интихоб хато кардаанд. Дар идома ҳаёти пасипардагии собиқ раисашонро ифшо кардаанд. “Озодагон” изҳороти Шӯрои ташкилоти "Созандагони Ватан"-ро бетағйир пешниҳоди хонандаҳо мекунад:

"Посух ба иддаои собиқ раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Исфандиёр Абдураҳмонов

Даъвои собиқ раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Исфандиёр Абдураҳмонов, ки ҳанӯз дар ин вазифа се моҳ фаъолият накарда, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ изҳороти бепояву бемояеро пахш кард, барои мо аъзои ин ташкилоти бонуфуз мӯҷиби ҳайрат буд. Нахуст матни изҳороти «раис»-и мустафъӣ саропо пур аз иштибоҳ буда, тамоми қоидаҳои сарфу наҳвро, ки ҳатто хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз он огоҳанд, поймол кардааст. Сониян камоли ҳамоқату ноҷавонмардист, ки бидуни маслиҳат бо мо, ҷавононе, ки ӯро ба маснади раисӣ интихоб намудем, ба ин иқдом даст занаду ба кормандони дастгоҳи КИМ ҲХДТ, ки дар тафовут аз ӯ солҳои тӯлонӣ дар ин даргоҳ фаъолият намудаанд, лаънат хонад.

Аслан гирем, барои пешниҳоду интихоби ӯ мақомоти ҳизб ҳаргиз пофишорӣ накардааст. Роҳбарият ба тозагӣ баъди интихобот дар Анҷумани 12-уми ҳизб ба сифати муовинон ба кор омада буданд. Танҳо кафолати муовини раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, ки масъулияти сарпарастии «Созандагони Ватан»-ро бар уҳда дошту исрор мекард, ки Исфандиёр Абдураҳмонов ҷавони кордону ташаббускор ва дар соҳаи тиҷорат фаъол аст, моро водор сохт, то ба таври истисно номзадии ӯро дастгирӣ кунем.

Сад афсӯс, ки мо ба ин пешниҳод бовар карда, ба иштибоҳи ҷиддӣ роҳ додем, вале баъдтар фаҳмидем, ки ин ҷавони вазифахоҳу мансабҷӯ И. Абдураҳмонов сарнавишту зиндагии гуворо ҳам надоштааст. Тибқи маълумотҳо ду бонуро ба сифати ҳамсар сарсону саргардон кардааст. Оила ва хонаводаи солим низ надоштааст. Як бародараш ба туфайли қаллобӣ дар маҳбас нишаста, бародари дигараш ҳам бо фиребу найрангҳои молиявӣ дар пайгарди қонун қарор дорад. Бояд як чизро қоил шуд, Исфандиёр Абдураҳмонов дар моҳирона пинҳон кардани зиндагии пасипардагиаш хеле истеъдоди хуб дошта, ҳатто тавонистааст муовини раиси ҳизб Асрор Латифзодаро, ки солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият намуда, аз собиқадорони соҳибтаҷрибаи бахши кадр аст, ба иштибоҳ андозад. Худ қазоват кунед, ки бо чунин ҳуққабозиҳо оё ӯ ҳаққи маънавӣ дорад, ки ба фаъолияти ҳизбу дастгоҳи он баҳо диҳад?

Гузашта аз ин хеле аламовар аст, ки ҷавонони ҳизб ҷиҳати таъсиси як созмон, ки ҳадафҳои созанда дорад, тӯли чандсолаҳо дастҷамъона заҳмат мекашанд, ҷиҳати фаъолу шинохта шудани он нерую дониши худро равона месозанд, вале як нафари тасодуфӣ, ки аз кӯчаи сиёсату одоб нагузаштааст, ҳанӯз кори назаррасе барои ин созмон анҷом надода, дар як лаҳза мехоҳад обрӯю эътибори онро ба замин яксон созад.

Дар соҳаҳои мухталифи давлативу ҷамъиятӣ, дар сохтмонҳои бузурги аср ашхоси сарсупурдае фаъолият доранд, ки солҳои сол барои беҳбудии вазъи ҷомеа ва некӯаҳволии халқ фидокорона меҳнат мекунанд. Онҳо ҳаргиз барои талошу заҳматҳои чандинсолаашон даъвои мансаб ва ё ҷоҳу манзалат накардаанд. Вале ниҳояти таассуф аст, ки Исфандиёр Абдураҳмонов ҳанӯз коре накарда, фаъолияти семоҳаашро бидуни баҳогузории дигарон, худ «фундаменталӣ» арзёбӣ мекунад ва аз ин кораш заррае шарм намедорад. Зиҳи хоксорӣ, ки мардум аз баршумурдани хизмати нимасраашон хиҷолат мекашанду ин ҷавони навхат бо сари баланд «хизматҳои фундаменталии семоҳааш»-ро, ки ба ҷуз худаш каси дигаре эҳсос накардааст, васф мекунад!

Бисёр устокорона аз рӯи масали «обрӯ хоҳӣ бо бузургон панҷа зан» амал намуда, ба муовини раиси ҲХДТ, доктори илм Раънои Бобоҷониён, ки бо се забон озод ҳарф мезанаду соҳиби ду дипломи олӣ аст, тӯҳмати пуч мебандад ва ӯро бо бадтарин бемории ҷомеа - «маҳалгароӣ» айбдор месозад.
Биёед сари ин чиз андеша кунем, ки чаро Исфандиёр Абдураҳмонов, ки касе нисбат ба ӯ дар дастгоҳи ҳизб ва Шӯрои «Созандагони Ватан» ҳисси кинаву бадбинӣ надошт, ба ин амали нангин даст зад? Нахуст гумони ғолиб ин аст, ки Исфандиёр Абдураҳмонов баъд аз шомил шудан ба ин созмон ва ба зимма гирифтани роҳбарии он ба зудӣ эҳсос намуд, ки иштибоҳ кардааст ва бори заҳмати ин созмонро бо донишу маърифати заифе, ки дорад, кашида наметавонад. Чун роҳи ақиб гаштан набуд, танҳо се моҳ тавонист ин вазифаи сангинро таҳаммул кунад ва ба хотири беобрӯ нашудан, ба дигарон лаънат хонда, ба истилоҳи худаш «истеъфо» дод.

Иллати дигари «истеъфо»-и раиси тозаинтихоб ин буд, ки ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» воқеан ҳам на ҷои пулу мол, ҷоҳу мансаб, балки ҷои заҳмату талошҳои пайваста ва корҳои созанда аст, ки аз ҳар узви он меҳнати сангин ва фидокорӣ талаб мекунад. Ин соҳибкори ҷавон, ки ҳадафи асосии раиси созмони бонуфуз шуданаш ҷамъоварии пулу мол буд, дарк кард, ки ҳосили ин вазифаи масъул ба ҷуз меҳнати холисона нест. Бале, ӯ хеле барвақт дарк кард, ки тираш хок хӯрдааст.

Мо аъзои созандагони Ватан ба дурустӣ дарк мекунем, ки имрӯз ҷавонони мо ба раҳнамоӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва дастгирии маънавию моддӣ ниёз доранд. Муттаҳид намудани ҷавонон алайҳи ҳама гуна амалҳои номатлуб, ҳушдор додани онҳо аз гароиш ба сафи гурӯҳҳои иртиҷоии диниву мазҳабӣ ва равона кардани нерую дониши онҳо ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ хеле муҳим аст. Созмони ҷамъиятии «Созандагони Ватан» низ ба ҳайси аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи шаҳрвандии кишвар бояд бештар дар ҳамин самт фаъол бошад ва шурӯъ аз раёсат то ҳар як узви қатории он ба ҷои иззатталабиву дасисабозӣ даст ба амалҳои манфиатовар ва созанда занад.

Итминон дорем, ки собиқ раиси созмони «Созандагони Ватан» Исфандиёр Абдураҳмонов агар як зарра ақли солим дошта бошад, аз амали нангини худ пушаймон шуда, аз шӯрои ташкилоте, ки ба хотири сохтани ояндаи дурахшони Ватан бунёд шудааст, ҳатман узр хоҳад пурсид. Агар не пас:

Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,
Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад!"

Ин изҳорот дар ҳолест, ки қаблан Исфандиёр Абдураҳмонов, раиси ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан”, қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон гуфт, бо нишони эътироз аз мақомаш истеъфо додааст. Ӯ дар ин бора дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дода, сабаби ин иқдомашро дар "бахилӣ ва маҳалчигии кормандони Кумитаи Марказии ҲХДТ" арзёбӣ кардааст: “Давоми се моҳ ман ба ҳайси раиси “Созандагони Ватан” сидқан фаъолияти фундаменталии натиҷадор кардам. Аммо аз дастаи маҳалгароӣ ва ҷудоиандозии бисёре аз кормандои Кумитаи марказии ҲХДТ истеъфо додам. Гарчанде бисёриҳо ба ман гуфтанд, истеъфо надеҳ, ки дар назди Ҷаноби Олӣ сиёҳат мекунанд. Бигзор ҳақ ба ҳақдор бирасад. Агар барои суханҳои ҳақам азоб кашам, ин азоб паси сар мешавад, аммо бигзор Тоҷикистон обод шавад”.

Оқои Абдураҳмонов дар пайи тағйироти кадрии чанд моҳи қабл дар ҲХДТ соҳиби мақоми раиси “Созандагони Ватан” шуд. Ӯ Адҳамҷон Мирсаидовро иваз кард, ки дар дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон вазифа гирифт.
Мӯҳр
Кулябец
Дар Точикистон махалгарои набошад чаро хама вазирону мансабдорон факат чой иваз мекунанд . Ягон касро озод намекунад .

Яъкуб. Душанбешахр.
Хандидемда! ! Барои сохиби як вазифа шудан тамоми ахлу авлоди шахсро мекобед то чи гуна инсонанд. Имруз ки ин бародар истеъфо додааст хар чи хохед мегуед.

Ин одама ай хаму суратш маълум ки шахси таккабур, инсони хоксор нест.

Иштибоххои ХХДТ дар сохаи кадрхо раса мул....,лекин азобаш дар гардани мардум. Чи хел фахмиден?

Кулябец
Ин маколаро хонда хело хам хандидам! То ба вазифа омадани ин шахс ягон маълумот чамъ накарданд . Тасодуф ба сари вазифа омадааст . Ин номункин аст .

Умар
Камбудии асосии Исфандиёр ин БЕСАВОДИСТ!Хатто бо забони равони адабии точики сухан ронда наметавонад.Суханрониаш лахчавиву кучагист.Бобочонова замоне ба мо дар донишгох таълим медод.Дар хакикат шахси донишманд,хоксор буд.Бо ноадолати ва шахсони бесавод ошти карда наметавнисту руирост суханашро мегуфт.

TJkbeqadr
Ajabo ajabo to in daraja nomarditona nishon doden neki. Shumoham barghoi hamun darahte ohi NOMAAAAARD boshe zinda boshe shiori shumost. Ozodagon chop kn ohi yo bgi band hudta

точик
Холо,ки ба девонаги набаровардед хуб аст.

беватан
Ачаб,хислатноманависии оли.Факат баръакс

Вокеан хакикат руи об баромадаст. Ба хусус нисбати Рано Бобочонова.
Баъзе фурсатталабон номардона барвакт хурсанди карданд.
Аз вазифаи муовини раиси вилоят рафтани у чи кадар барои нафароне ки маърифат ва сифати кору адолат дар чойи аввал меистод, афсус хурданд.
Санги бадгавхар агар косаи заррин шиканад.
Киммати санг наафзояду зар кам нашавад!
Муаллиа танхо ба пеш!!! Ин давлату миллат ниёз ба Шумо баринхо дорад!

Чойи таассуф аст, ки нисбати Исфандиер Абдурахмонов харзагуи мекунанд, кобили кабул нест. Чаро ба аьзои ин созмон уро хамчун нафари сохибистеьдод ва кордону пуртачриба муаррифи кардед? Хол он ки аз бесаводи ва заьифии Исфандиер маьлумот доштаед...Пас, шумо аьзои бист нафараро фиреб кардед? На! Шумо худро шарманда кардед. Ин мо содикона хизмат мекардаем дар ин созмон ва дуруст хам карданд, ки боэьтирозот Абдурахмонов ба истеьфо рафтанд. Ман хамчун фаьоли ин созмон аз аьзоени ин созмон даьват ба амал меорам, ки нисбати аьзоен бадномкуниро хотима бахшанд, вагарна тамоми сирру асрорхои пасипардаги ва дар асл ин созмон чи хадаф дорад, аз тарики шабакаи ичтимои фош хохем кард

Магар барои хатогии сиёсиаш Асрор Латифзода чазо намегирад? Ё шояд Латифзода барои тавсияаш аз Исфандиёр маблаг ситонидааст? агар не, пас ин кадар карру фарри Латифзодаро дар вилояти Сугд чи гуна маънидод кунем? Чанде пеш аз сарчашмахои боэътимод маълум гашт, ки Раъно Бобочониён ба вилояти Сугд омадааст, вале касе намедонад. Омад корашро ичро кард ва рафт.

.
Хамин созмон умуман ба ки лозим аст, ки ин кадар чангу чанчол дар атрофаш? Бо чи кор машгуланд? Факат лак-лаку показуха. Ягон кори амалии кокретный нест. Чорта карьерист чамъ шуда якдигарро хоида истодаанд.

"Худкардаро даво нест, Вох-валлохи пинхони" -мегуянд дар халк !!!!! Аммо имруз ЧАВОНОН ба чунин КУМИТАИ ЧАВОНОН ва СОЗМОНи РУИ КОГАЗУ БЕАМАЛ зарурат надоранд, ЧАВОНОНРО РАВОНШИНОСИ ДАРАЧАИ ОЛИ БА РОХИ РОСТ ХИДОЯТ КАДА МЕТОНАД,
на ХИЗБу на ДОМУЛЛОхо... !!!!!

дар ҳақиқат яке аз камбудиҳои асосии дастгоҳи ҲХДТ дар ҳаминаст ки кадрҳои ҷавон алалхусус ҷавони корчалон гуфта ба вазифаҳо пешниҳод мекунанд, лек бехабар ки ин корчалонон аз кучо омаданду ба кучо бурда мерасонанд. Бинобар имруз ин ҳизб обрую эътибори зиёд дорад ва барои интихоби кадр мушкили нест барои ҳизб имруз бехтарин кадрҳои ҷавон ба мушкилии молиявию иҷтимоӣ нигоҳ накарда ба муҳоҷират нарафтаанд ё аз пушти моли падар надавидаанд танҳо бо меҳнати ҳалол ва бо ҳисси ватандустонаю самимона дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд аммо аз мадди назари масъулин дур мондаанд. Бинобар зарур аст дар интихоби кадр бо андеша бошем. Чун дар мушкилӣ кадри мо ба хиёнат даст назанад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)