Консерти ройгону “зинда”-и “Шамс”-у “Авесто” дар Рӯзи оила
15 май, дар Рӯзи байналмилалии оила гуруҳҳои “Шамс” ва “Авесто” дар Душанбе консерти “live” ё “зинда” хоҳанд дошт.
PDV, Лоиҳаи ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ, ки созмондиҳандаи ин барномаи ҳунарӣ аст, мегӯяд, он соати 18:30 дар боғи “Пойтахт” оғоз мешавад: “Зайнура Пулодова, Парвина Юсуфӣ, рэпсаро “Рейн 104” ва гуруҳи рақсии “Падида” аз меҳмонҳои ин консерт хоҳанд буд”. Вуруд ба консерт ройгон аст.
Ҳамасола 15 май ба унвони Рӯзи байналмилалии оила таҷлил мешавад. 3 феврали соли равон, Эмомалӣ Раҳмон, райисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон соли 2015-ро “Соли оила” эълон кард. Дафтари матбуотии президенти кишвар ҳадаф аз эълони “Соли оила”-ро баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ унвон кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |