Вазир хоҳиши Абдуҳалим Ғаффоровро иҷро накард
Салимзода Нусратулло Файзулло, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфтааст, барои иҷрои хоҳиши Абдуҳалим Ғаффоров, вакили тозаинтихоби парлумон ва раиси Ҳизби сотсиалистии кишвар имконият надорад.
Ғаффоров, ки номзадияшро аз ноҳияи Айнӣ ба парлумон пешниҳод кард, тариқи расонаҳо аз Нусратулло Файзулло, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хост, барои беморхонаи деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ як мошини ёрии таъҷилӣ ҷудо кунад. Аммо вазири тандурустӣ ахиран ба Ғаффоров ҷавоб додааст, ки Вазорат феълан чунин имконият надорад ва бо фароҳам шудани шароит беморхонаи мазкурро бо мошини ёрии таъҷилӣ таъмин мекунад.
Абдуҳалим Ғаффоров сабқати интихоботиро дар ҳавзаи Айнӣ ба рақибаш аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ Олимҷон Салимзода бохт, вале аз ҳавзаи ягонаи умумҷумҳуриявӣ вориди парлумони Тоҷикистон шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |