Бахшҳо

Убайдуллоев: Автобусҳо дар истгоҳ аз меъёр зиёд меистанд

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе дар ҷаласаи рӯзи 11 майи худ вазъи низоми воситаҳои нақлиёти мусофирбарро баррасӣ карда, дастур додааст, барои ронандаҳо либоси ягона роҳандозӣ шавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев вазъи низоми воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар пойтахтро нигаронкунанда хондааст. Раиси шаҳр гуфтааст, “ҳанӯз таваққуфи беруназмеъёрии воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ, бахусус автобус ва троллейбусҳо дар истгоҳҳо ба мушоҳида мерасанд, ки боиси нороҳатии мусофирон гардида, ба танбашавии воситаҳои нақлиёт сабаб мешаванд”.

Шаҳрдори Душанбе барои ҳалли ин мушкил Низом Ҳакимов, муовини худро муваззаф кардааст, то дар ҳамкорӣ бо корбарони фаъоли Фейсбук ба ин масъала расидагӣ намуда, барои роҳандозии либоси ягона миёни ронандагону кирогир (кондуктор)-он ва фаъолияти ҳамарӯзаи радиоҳои дохилинақлиётӣ чораҳои зарурӣ андешад.

Инчунин, дар ин ҷаласаи Убайдуллоев вазъи роҳҳои пиёдагарду мошингарди кӯчаву хиёбонҳои пойтахт баррасӣ шуда, ба вусъати корҳои ободонӣ ва таъмиру барқарорсозии роҳҳои нақлиётӣ ва дохилимаҳаллаву шаҳракгузар бо истифода аз маблағҳои буҷаву хайри соҳибкорону сокинон таъкид шудааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар пайи шикояти сокинони пойтахт аз бесифатии сафолакҳои роҳҳои пиёдагард Ашӯрбек Расулов, муовини аввали худро муваззаф кардааст, то ҳолати сафолакҳои тамоми роҳҳои пиёдагарду хиёбонҳои шаҳр таҳқиқ ва оид ба истифодаи намудҳои сафолакҳои ҷавобгӯи меъёрҳои стандартӣ ва аз сангҳои ватанӣ истеҳсолшуда чора андешад.
Мӯҳр
Сафолакхо чавобгуй ба талабот шаванд, хазорхо-хазор долару сомониро кй отмывать мекунад!? Хуб содай да, убайдулоев.

Шукри худо ки имрузхо дар роххои пойтахт аз сафолакхо (брусчаткахо), ки истехсоли ватани мебошад истифода мебаранд. Мо ба ин чиз тарафдор, чун ки аз чихати экологи нисбат ба асфальтобетон безарар ва босифат аст ва хам чои кориву барои бучаи давлат даромад мешавад.

Аммо нисбат ба мускии наклиётхои мусофирбар гуфтаниям, илтимос ВАО корхои фахмондадихи баред. то мусики намонанд 9хангоми мусофиркашони) агар наклиёти онхо шахси хам бошад, дар чамъият хизмат мекунанд.

хусусан таксихои бо ном 3 сомона

987
О худи автобусу тролебус ку,масъулон ба хорича меран мебинанд ку дар он чо чи хел тартибот хаст як ибрат гирифта ун системаи тайёрро чори кунанд мешава ку.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)