Бахшҳо

Задухӯрди тоҷикон барои маош бо марг анҷомид

Мақомоти пулиси Русия дар марги шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон, ки ҷасадаш шаби 10-уми май аз мошини «Дэу Нексиа» дар Санкт Петербург дарёфт шудааст, ҳамватанҳои 36 ва 37-солаи марҳумро муттаҳам мекунанд.

Тибқи иттилои раёсати умури дохилии вилояти Ленинград мошин бо ҷасади шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон бо аломатҳои марги маҷбурӣ - осори латукӯб дар наздикии шуъбаи 23-юми пулис дар кӯчаи Дибенко дарёфт шуд: “Дар пайи чорабиниҳои тафтишотӣ бо иттиҳоми ин ҷиноят ду ҳамватани 36 ва 37-солаи "бригадир"-и кушташуда боздошт гардиданд. Боздоштшудаҳо дар сохтмони “Березовая роша”-и ноҳияи Всеволожски Санкт Петербург кор мекардаанд ва қатлшуда “бригадир”-и онҳо будааст. Муноқиша дар минтақаи Кудрова сар задааст”.

Мақомоти пулис аз қавли дастгиршудагон иттилоъ додаанд, ки бо марҳум барои таъхири пардохти маош муноқиша кардаанд, ки бо латукӯб анҷомидааст: “Боздоштшудаи 37-сола иқрор кард, ки марҳумро латукӯб кардаанд ва баъдан хостаанд, ба бемохона баранд. Аммо латукӯбшуда дар роҳ ҷон додааст. Баъди ин боздоштшудагон мошинро ба назди шуъбаи пулис овардаанд”.

Манбаъ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Умеди Курбон
Холо агар Пулис ин чиноётро ошкор намекард боз хам бар сари урусу саркалонаш бор мекарданд ва боз чанд бахили мансабталоши точик суйи истифода бурда характери сиёси-милли медододанд.

РАЪНО ХАМРОЕВА
ЭЙ БАРОДАРОНИ ТОЧИК БА ШУМОЁН ЧИ ШУД ХУНИ ЯКДИГАРРО МЕРЕЗЕН ХАЙФ БАР ШУМОБАРИН ТОЧИКХО

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)