Сафари панҷрӯзаи Сироҷиддин Аслов ба Ҳиндустон
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар доираи як сафари расмии панҷрӯза озими Ҳиндустон шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Ҳиндустон, сафари Сироҷиддин Аслов ба Деҳлӣ рӯзи 11 май оғоз гардид.
Манбаъ мегӯяд, қарор аст, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ҷараёни ин сафар бо Сушма Свараҷ, вазири умури хориҷӣ ва Маноҳар Паррикар, вазири дифои Ҳиндустон мулоқот ва гуфтугӯ намояд.
Боздиди Аслов аз Деҳлӣ дар ҳолест, ки Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳиндустон дар суҳбат бо Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон гуфта буд, кишвараш метавонад, ҳамчун ҷониби чаҳорум дар тавофуқи тиҷории Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон иштирок кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |