Даъвати Абдулфаттоҳ Сисӣ аз Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафараш ба шаҳри Маскав бо ҳамтои мисрияш - Абдулфаттоҳ Сисӣ мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Миср, ин вохурӣ рӯзи 9 майи соли равон дар ҳошияи ҷашни 70-солагии Иди ғалаба дар Маскав сурат гирифтааст.
Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо дар ин мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ду кишварро баррасӣ карда, ба рушди равобити Тоҷикистону Миср таъкид кардаанд.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Миср афзудааст, ки Абдулфаттоҳ Сисӣ дар ин мулоқот аз Эмомалӣ Раҳмон хостааст, дар маросими ифтитоҳи канали Суэтси нав, ки рӯзи 6 августи соли равон баргузор хоҳад шуд, иштирок кунад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 8 майи соли равон ба хотири иштирок дар ҷашни 70 солгарди Иди ғалаба дар садри як ҳайат ба Маскав рафта буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |