Боздошти як корманди пулиси ноҳияи Файзобод аз сӯи Агентии мубориза бо коррупсия

Ваколатдори оперативии гуруҳи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Фазобод бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт шудааст. Дар ин бора Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дода, меафзояд, ӯро 28 марти соли равон дар пайи як чорабинии оперативӣ-ҷустуҷуӣ “ҳангоми гирифтани маблағи 600 доллар” дастгир кардаанд.
Торнамои расмии ин ниҳод менависад, “дар рафти санҷиш муйаян шуд, ки Ваколатдори калони оперативии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фазобод, 17 марти соли 2015, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиаш шаҳрванд “А”-ро барои гӯиё иштирок дар содир кардани ҷинояти муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба утоқи кориаш даъват намуда, барои ба ҷавобгари накашидан аз ӯ маблағи 600 доллари ИМА талаб намудааст”.
Манбаъ мегӯяд, оид ба ҳолати мазкур бо моддаи 319 кисми яки Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |