Дар Эрон Сафар Абдуллоҳро девори маҳками забони форсӣ дар Осиёи Миёна гуфтанд
Конуни адабиёти Эрон ё Иттиҳодияи нависандагони ин кишвар бо баргузории маросими бузургдоште барои доктор Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷики муқими Қазоқистон, аз хидматҳои ӯ барои густаришу тарвиҷи забони форсӣ ситоиш кардааст.
Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) ба “Озодагон гуфт, ин маросим таҳти унвони "Ватани форсӣ" бо иштироки шахсиятҳои фарҳангӣ ва адабӣ аз Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон доир шуд: "Доктор Асғари Додбеҳ - устоди саршиноси забону адаби форсӣ, доктор Ҳаддоди Одил - раиси Фарҳангистони забону адаби форсӣ, доктор Мирзо Муллоаҳмад, доктор Нуралӣ Нурзод, Ҳасани Қарибӣ - мудири робитаҳои байналмилалии Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Ҳодии Киёсарӣ - раиси Конуни адабиёт, Муҳаммадалии Раҷоӣ, Муҳаммади Раҳимӣ (аз шоирони Афғонистон) аснои суханронӣ нақши ин донишманди маъруфи тоҷикро дар густаришу тарвиҷи забони форсӣ сутуданд ва ӯро сафири фарҳангии адабиёти форсӣ дар Дашти Қипчоқ ва кишварҳои пасошуравӣ хонданд, ки бо талошҳои хастагинопазир яктана дар арсаи адаб меҷангад”.
Ба қавли оқои Шоҳмирзо, дар маросим таъкид шуда, ки Сафар Абдуллоҳ муаллифи беш аз 1000 мақолаи илмию пажуҳишӣ ва 50 китоб буда, маҷаллаи "Эроннома"-ро тани танҳо таҳия, таълифу тадвин ва тарҷума мекунад, ки то кунун 30 шумора мунташир шуда ва бузургтарин муаррифи адабиёти форсӣ дар миёни русизабонон мебошад: “Таъкид шуд, ки Сафар Абдуллоҳ чеҳраи чандбуъдӣ (универсал) аст ва дар илм, пажуҳиш, тарҷума, шеър, рӯзноманигорӣ, тадрис ва таъдиб ҳамзамон фаъолият мекунад ва бе ҳеҷ иддао парчами фарҳанги форсиро ҳарҷо бошад, боло мебарад. Ҳаддоди Одил дар ин нишаст таъкид намуд Сафар Абдуллоҳ девори муҳками забони форсӣ дар Осиёи Миёна аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |