Ватандӯстӣ ғорат кардани Ватан нест, ватандӯстӣ азхудгузаштагист
Иршод СУЛАЙМОНӢ
Бо наздик омадани Рӯзи ғалабаи Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ дар Ҷанги ҷаҳонии дувум мафҳуми ватандӯстӣ бисёр серистифода мешавад. Иштирок ва ғалабаи тоҷикон дар ин ҷанг ҳамчун як улгуи ватандӯстӣ маънидод мешавад. Ватандӯстӣ дар навъи худ бисёр падидаи хуб ва характери хеле олии инсон аст. Доштани руҳияи ватандӯстӣ инсонҳоро водор мекунад, ки барои ободии кишвари худ бештар саҳим шаванд. Вале меъёри ватандӯстӣ чист? Бо кадом ченакҳои ин арзиш арзёбӣ ва мушаххас карда мешавад?
Дар мо пиромуни ватандӯстӣ ҳама ҳарф мезананд, хусусан мансабдорон. Вале агар аз онҳо пурсида шавад, ки ватандӯстӣ чист, ҷавоби мушаххасе надоранд, зеро ватандӯстӣ фақат гуфтор нест, балки амал аст.
Агар як шаҳрванд, як мансабдор, як вазир ҳазор бор бигӯяд, ки ман ватандӯстам, вале амалан коре накунад, ки ватандӯстии ӯро нишон бидиҳад, ҳеч вақт ватандӯст нест.
Ватандӯстӣ гап не, амал аст. Агар мо бихоҳем, ки таърифи мушаххасе аз ватандӯстӣ дошта бошем ба назари ман ин аст: Ватандӯстӣ ин аст, ки ҳар касе дар ҷомеа масъулияти ба зима доштаашро мунсифона ва аз дили соф иҷро кунад.
Агар як фароши хиёбонрӯб мавзеъи барои рӯфтанашро бисёр покиза ва тамиз мекунад беҳтарин ватандӯст аст. Агар як муаллими мактаб дарсро ба хонандагон бо талаботи муосир мегузарад, фарди ватандӯст аст. Агар як донишҷӯ ба оворагардь нею, ба хондан, ба гирифтани донишҳои касбӣ ва муосир талош мекунад хубтарин ватандӯст мебошад. Агар як мансабдори давлатӣ, як вазир, як вакил рисолати ба дӯшдоштаашро дуруст ва бидуни камбудҳои ҷиддӣ анҷом медиҳад, шоистатарин ватандӯст мебошад.
Ватандӯстӣ ин нест, ки як мансабдор дар пушти сараш сурати президенти Тоҷикистонро овезаду дар рӯ ба рӯяш Суруди миллиро насб намояд ва дар болои мизи кораш парчами миллиро бигузорад, вале дар зери миз ба фасод даст бизанад. Вазир ва мансабдоре, ки маоши 3 ҳазорсомона доранду хонаҳои 100 ҳазор доллараву миллиондолларь месозанд, ватандӯст буда наметавонанд, онҳо ҳақ надоранд дар бораи ватандӯстӣ суҳбат кунанд. Ватандӯстӣ ғорат кардани Ватан нест, дуздидани моли миллат намебошад, ватандӯстӣ азхудгузаштагист.
Беҳтарин ватандӯстони замони мову шумо муҳоҷирони меҳнатиянд, ки ба хотири наҷоти Ватан бадтарин шароит ва сангитанрин рӯзгорро дар Русия таҳаммул мекунанд.
Ватандӯстӣ насиҳат нест, ватандӯстӣ амали фидокорона ва ҷавонмардона аст. Дузд наметавонад ватандӯст бошад, хусусан агар мансабдор бошад. Хизмат ба Ватан фақат дар сафи неруҳои артиш нест, балки хизмат ба Ватан дар ҳар соҳае, ки мо рисолат дорем мунсифона кор кардан аст.
Аз сӯйи дигар хиёнат ва ҳамоқатро бо ватандӯстӣ пӯшиш додан кори дуруст намебошад ва пазируфтан ва дар барбари ин пӯшишҳо хомӯш будан низ ватандӯстӣ нест. Ватандӯстии воқеиро бояд мо дар амали ронандаи автобусе суроғ кунем, ки ҳар рӯз соати 06:00-и субҳ сари ҷойи кораш ҳозир мешавад ва рисолаташро дуруст анҷом медиҳад. Агар дар амал ватандӯст набошем ҳазорҳо китоб ва садҳо шеъри ватанномаи Муҳаммад Ғоиб моҳияте надоранд ва ангеза дар мо ба вуҷуд оварда наметавонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |