Муҳоҷири тоҷик: Бародарамро миллатгароҳо куштаанд
Бародари муҳоҷире, ки Раёсати Кумитаи тафтишотӣ дар вилояти Маскав гуфта буд 3 май аз ҷониби ду наврас ва як ҷавони 18-сола аз шаҳри Королеви назди Маскав кушта шудааст, мегӯяд, бародарашро соати 12-и шаб миллатгароҳои рус куштаанд.
Бародари ин муҳоҷири 39-сола, ки гуфта мешавад миллатгароҳои рус сарашро буридаанд, дар як навори видеоӣ суҳбат намуда, мегӯяд, бародараш бояд 14 май ба синни 39 мерасид. Ӯ аз бародараш Ҳамдамов Комилҷон Ҳамроевич ном мебарад ва меафзояд, бародараш зану фарзанд надошт.
Соҳиби хонае, ки муҳоҷири кушташуда дар он иҷора менишастааст, гуфтааст, то омадани миллисаҳо ҷон дод. "Ман ба сардхона рафтам, бародарамро ба ман нишон надоданд, як коғазро доданду гуфтанд бирав пулро пардохт кун", -мегӯяд бародари Комилҷон.
Иззат Амон, раиси Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, миллатгароҳои рус ин шаҳрванди Тоҷикитонро сар буридаанд: "Барадараш мегӯяд, ки намедонад бо кадом гуноҳ ӯро куштаанд. Гуиё вай пули бисёре дошта бошад, аммо “грузчик” аз кучо пули бисёр дорад?"
Ба қавли бародари ин ҷавони кушташуда, "охирон бор 24 апрели ҳамин сол бародарамро дидам ва ба Калуга барои кор рафтам. Рӯзи 3 май омадам занг задам гуфт, хобам, аз кор омадам мондаам. Ба ман гуфт, хона занг зан модарам туро пурсида буд. Баъд ман ба модарам занг задам. Дигар бо ин фардо занг задам телефонашон дастнорас буд”.
Бародари Ҳамроев гуфта, то имрӯз на аз Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва на аз дигар ниҳодҳои расмии Тоҷикистон, ки дар Русия намояндагӣ доранд, ба онҳо кадом робита барқарор нашудааст: "Чун рафта будам, онҳо моро одам ҳисоб намекунанд, гуфтан бирав “фалончӣ” ҳал мекунад".
Бародари муҳоҷири кушташуда мегӯяд, ки 17 ҳазор рубл бояд барои сардхона пардохт намояд, боз 30 ҳазор рубли дигар барои мошин, ки то фурудгоҳ ҷасадро интиқол медиҳад: "Хароҷоти "гроб"-ро гуфтанд, ки бо интиқол ба Тоҷикистон дар маҷмуъ 90 ҳазор мешавад, ки мо ин қадар маблағ надорем".
Пулиси Маскав, ки мутаҳҳамон дар куштори Ҳамдамов Комилҷонро боздошт кардааст ба бародараш гуфтаанд, ки онҳо аз миллати рус мебошанд. Аз ин пеш, Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, гуруҳе, ки дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон даст доранд, таҳти роҳбарии Алексейи 18-сола, 3 май ба шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳоле ҳамла намуданд, ки аз кор бармегашт ва тариқи телефон бо ҳамсараш суҳбат мекард: “Ҷабрдида сарулибоси зебо доштааст ва ҷавонон тасмим гирифтаанд, ӯро ғорат кунанд. Аввал ӯро бо калтак зада, баъдан “отвертка”-ро ба гарданаш мехалонанд. Аз ҷароҳатҳои бардошта шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Муттаҳамон ӯро ғорат карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд”.
Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотӣ, ноболиғон иқрор кардаанд, ки бо ҳамин шева як шаҳрванди дигар аз ИДМ-ро дар моҳи марти соли равон куштаанд: “Аз ҷониби муфаттишон далели даст доштани ин ҷавонон дар ду ҳолати куштор ҷамъоварӣ шудааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар маҷмӯъ боздоштшудаҳо дар 9 ҳолати куштор дар пойтахту назди Маскав иқрор шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |