Қатли муҳоҷири тоҷик зимни суҳбати телефонияш бо ҳамсар

Раёсати Кумитаи тафтишотӣ дар вилояти Маскав аз боздошти ду наврас ва як ҷавони 18-сола аз шаҳри Королеви назди Маскав иттилоъ дод, ки 3 майи соли равон шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистонро ба қатл расондаанд.
Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотӣ, ин гуруҳ таҳти роҳбарии Алексейи 18-сола, 3 май ба шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳоле ҳамла намуданд, ки аз кор бармегашт ва тариқи телефон бо ҳамсараш суҳбат мекард: “Ҷабрдида сарулибоси зебо доштааст ва ҷавонон тасмим гирифтаанд, ӯро ғорат кунанд. Аввал ӯро бо калтак зада, баъдан “отвертка”-ро ба гарданаш мехалонанд. Аз ҷароҳатҳои бардошта шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Муттаҳамон ӯро ғорат карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд”.
Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотӣ, ноболиғон иқрор кардаанд, ки бо ҳамин шева як шаҳрванди дигар аз ИДМ-ро дар моҳи марти соли равон куштаанд: “Аз ҷониби муфаттишон далели даст доштани ин ҷавонон дар ду ҳолати куштор ҷамъоварӣ шудааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар маҷмӯъ боздоштшудаҳо дар 9 ҳолати куштор дар пойтахту назди Маскав иқрор шудаанд ва феълан муфаттишон дурустии нишондодҳои онҳоро тафтиш доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |