5 ҳазор евро-стипендияи писари Асрориён аз донишгоҳи Гаага
Аврангзеб Асрориён, писари муаррих ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Ҷонибек Асрориён соҳиби “Стипендияи истеъдоди шаҳрванди ҷаҳон” гардидааст.
Аврангзеб Асрориён дар ин бора дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дода, гуфтааст, бо гирифтани ин стипендия дар як озмун соҳиби 5000 евро шуд.
Ҷонибек Асрориён, падари Аврангзеб бо таъйиди ин хабар имрӯз, 8 май ба “Озодагон” гуфт, писараш бо навиштани як эссе дар мавзӯи “Я человек мира”, ки воқеот ва тағйироти сиёсии чанд соли ахири ҷаҳонро дар бар мегирад, аз ҷониби Кумита оид ба стипендияи донишгоҳии Гаагаи Шоҳигарии Нидерландия ба қатори чанд шахси беҳтарини ҷаҳон шомил шуд.
Ҷонибек Асрориён мегӯяд, писараш ҳоло дар шаҳри Бостон дар риштаи фарҳангшиносӣ таҳсил мекунад ва баъди ин озмун бо даъвати Донишгоҳи Гаагаи Шоҳигарии Нидерландия аз моҳи сентябри соли равон метавонад дар ин донишгоҳ таҳсилашро идома диҳад.
Аврангзеб Асрориён 19 сол дошта, ба гуфтаи падараш донандаи хуби забонҳои англисӣ, русӣ, испанӣ, ҳиндӣ, узбекӣ, туркӣ буда, соли 2011 дар олимпиада аз фанни кимиё дар Амрико ва соли 2013 дар як озмун аз фанни забони англисӣ дар Ирландия барандаи медали биринҷӣ гардидааст.
Ӯ инчунин дар ду олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дар Тоҷикистон барандаи медали тило шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |