Маросими видоъ бо Лутфия Айнӣ, духтари С.Айнӣ
Зуҳри имрӯз, 8-уми май дар шаҳри Душанбе маросими видоъ бо Лутфия Айнӣ, духтари Садриддин Айнӣ, асосгузори адабиёти нави тоҷик ва қаҳрамони Тоҷикистон баргузор мешавад.
Тавре Эраҷ Айнӣ, набераи Садриддин Айнӣ ба “Озодагон” иттилоъ дод, Лутфия Айнӣ, ки аз пирӣ ранҷ мебурд, 7-уми май дар синни 81-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Ба гуфтаи манбаъ намози ҷанозаи Лутфия Айнӣ дар масҷиди Сариосиёи шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Лутфия Айнӣ соли 1934 таваллуд шуда, дар пажуҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият доштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |