Тула: Дарёфти қабри як иштирокчии ҶБВ аз Тоҷикистон
Дар вилояти Тулаи Федератсияи Русия қабри як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ пайдо карда шудааст. Дар ин бора ба “Озодагон” сухангӯйи Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ дар ин қабр Ҷура Сангинов дафн шудааст, ки зодаи деҳаи Ворухи ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон буда, дар миёни оромгоҳи ҳимоятгарони Шӯравӣ, ки соли 1941 дафн шудаанд, дарёфт гардидааст.
Муҳаммад Эгамзод мегӯяд, ки бар асоси иттилоъ, ки ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия расидааст дар арафаи 70-солагии Ғалаби Шӯравӣ бар Олмон дар Ҷанги Ҷаҳонии дувум “дар қабристони умумӣ дар миёни гӯрҳои бародарии ҳомиёни қаҳрамони Тула дар соли 1941 дар қабристони Чулковски ин шаҳр, Ҷура Сангинов, соли тавалудаш 1924, аз полки 351-и двизияи 508-и гвардияи 120-уми Артиши сеюми Ҷабҳаи Ҷануб низ дарёфт шудааст”.
Сафири Тоҷикистон дар Русия, Иммомиддин Саторов ба унвони раиси шаҳри Исфара дар робита ба ин мактуб ирсол кардааст, ки дар ин бора ба наздикон ва хешу ақрабои ин иштирокчии ҷанг хабар бидиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |