Ҷавоби пулиси Хуҷанд ба Гулов: Риштарошии милисаҳо исбот нашуд (АКС)

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба номаи бози Рустам Гулов, блогнависи ҷавони тоҷик, ки 3 апрели соли равон дар пайи тарошида шудани ришаш аз сӯи кормандони милисаи шаҳри Хуҷанд дар саҳифаи Фейсбук ва торнамои шахсияш - www.blogiston.tj навишт, посухи расмӣ додааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” Рустам Гулов иттилоъ дода гуфт, дар мактуб гуфта мешавад, ки номааш аз ҷониби масъулини Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. “Дар натиҷаи баррасӣ ва гузаронидани санҷиши хизматӣ маълум гашт, ки аз рўйи муроҷиати ҳаммаънои Шумо қаблан аз ҷониби масъулини Шӯъбаи амнияти дохилии Раёсати амнияти дохилии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд санҷиши ҳаматарафа гузаронида шуда, бинобар мавҷуд набудани далелҳои кофӣ исбот намудани ваҷҳҳои дар ариза овардаатон ғайриимкон гардид”,-омадааст дар ҷавоби раёсат.
Оқои Гулов мегӯяд, аз ҷавоби ин ниҳод қаноатманд набуда, феълан интизори ҷавоби расмии прокуратураи шаҳри Хуҷанд ва Вазорати умури дохилист.
Рустам Гулов, блогнависи ҷавони тоҷик 3 апрел дар саҳифаи Фейсбук ва торнамои шахсияш - www.blogiston.tj, навишт, ки милисаҳои Хуҷанд ришашро маҷбурӣ тарошиданд. Вай дар як суҳбати телефонӣ ба хабаргузории “Озодагон” гуфта буд, дар робита бо навиштани як номаи боз уновонии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон,Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ ва Юсуф Раҳмонов, додситони кулл аз ин амали милисаҳо шикоят кардааст. 
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |