Бахшҳо

Фолбин дар Суғд: Ҳаққи ман не, ҳаққи пирамро диҳед...

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 52- солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар медиҳад, ки бо роҳи фолбиниву дуохонӣ ва сеҳру ҷоду ба барқарор намудани бахти ҷавонон ва дигар намуди табобат машғул будааст.

Кормандони ин ниҳод дар гузориши телевизионие аз дастгиршуда Баҳринисо Сатторова ном бурда, гуфтанд, гӯиё бо роҳи фолбиниву дуохонӣ ва сеҳру ҷоду ба дардмандон даво мебахшидааст: “Тақаллубкориҳои гумонбаршуда дар манзили истиқоматияш, воқеъ дар шаҳраки Ғафуров сурат гирифта, бо шеваи маъмули фолбинӣ, бо истифода аз қартаҳои махсус ва дигар ашёҳои ғайриоддӣ гузаронида мешаванд”.

Дар гузориш гуфта шуд, боздоштшуда нишондод дод, ки талаби маблағ ва дигар маҳсулотро ба хотири розигии пирону бобоёнаш, ки гуиё ӯро баҳри анҷоми амалҳои сеҳргарӣ роҳнамоӣ мекунанд, иҷро кардааст. Худи Баҳринисо Сатторова гуфт, “гоҳ-гоҳ сокинон наздам меоянд, масалан кина даромадагӣ бошанд, дарди сар бошанд, табобат мекунам, ин аз авлоду аз пуштам мондагӣ”.

Ба таъкиди муаллифони гузориш сокинони зиёде “қурбони найрангоҳи ин зан шудаанд. Масалан, як сокини шаҳри Хуҷанд аз дарди пой ва сар назди ӯ шикоят кардааст, ки барои сиҳат кардан 2400 сомонӣ гирифтааст. Боз барои бозпас гардонидани зани як ҷавони 21-сола, ки қаҳр карда рафтааст, 1750 сомонӣ талаб карда, гирифтааст”.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нисбати Баҳринисо Сатторова тибқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (даст задан ба амалҳои тақаллубкорӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Даъво ё ин ки ДАВО?

аз сарат монад хаки сардорат.

Доктор
Редаксияи мухтарами Озодагон! Эхтиромона хохиш менамоям, ки ба имлои маводи чопи эътибор дихед. Агар камбудихои имлоии матнхои зери имзои муаллифон чопшаванда пеш аз хама ба худи муаллифон мансуб бошанд, ухдадори сифати матнхои аз чониби хайати тахририя нашршаванда худи редаксия мебошад.
Барои мисол: дар хамин матни редаксиони ба чойи калимаи "даво" (яъне, "табобат", "муолича") калимаи "даъво" истифода шудааст, ки тамоман нодуруст аст.

Доктор
Ба идораи Озодагон: ташаккур барои ба инобатгирии пешниход.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)