Ҷоми ҷаҳон-2018. Бозии Тоҷикистону Урдунро довари эронӣ назорат мекунад
Федератсияи ҷаҳонии футбол ё ФИФА исми доваронеро, ки бозиҳои муқаддамотии тими миллии Тоҷикистонро дар дувумин даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар гуруҳи “В” – бо Урдун ва Бангладеш назорат мекунанд, эълон кард.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон бозӣ бо мунтахаби Урдунро, ки 11 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ҳайати доварон аз Эрон зери раҳбарии Муҳсин Туркии 41-сола назорат хоҳанд кард.
Ин бозӣ соати 20:00 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ оғоз мешавад.
Назорати бозии яккачини Тоҷикистон ва Бангладеш, ки 16 июн дар пойтахти Бангладеш баргузор мешавад, бар уҳдаи довари кореягӣ -- Ли Мин Хуи 36-сола вогузор шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |