6500 сомонӣ ба ғолиби Озмуни “Ҳифз ва қироати Қуръони Карим”
Озмуни ҷумҳуриявии “Ҳифз ва қироати Қуръони Карим” миёни афроди зери 25-сола бо пирӯзии 21 нафар дар панҷ бахш поён ёфт.
Дар анҷоми даври ниҳойии озмун, ки имрӯз, 7 май дар Маркази равобити пойтахт сурат пазируфт, Аёмиддин Фахриддинов дар бахши ҳифзи кулли Қуръон бо риояи таҷвид ва ҳифзи матни муқаддимаи ҷазария мақоми аввалро соҳиб шуд. Саидакобир Зиёдуллоев, Илҳомиддин Калонов ва Ҳоҷиакбар Эшонов мутаносибан ҷойҳои ду то чорро касб намуданд.
Дар бахши ҳифзи кулли Қуръон бо зикри номи сура, рақами оят ва саҳифа, пирӯзӣ насиби Абдулботин Шарипов гардид. Лутфулло Холиқов, Муҳибуллои Муҳаммадулло, Абдусамад Хушқадамов дар зинаҳои баъдӣ нишастанд. Дар бахши ҳифзи кулли Қуръон бо риояи таҷвид ва тафсири сураҳои “Нисо”, “Моида” ва “Анъом” Карим Акбаровро беҳтарин эълон карданд ва Аюби Абдураҳим, Мифтоҳиддин Исломзода, Ҳомидов Ҳисомиддин мақомҳои аз ду то чорро ба худ ихтисос доданд.
Дар бахши ҳифзи кулли Қуръон ва ҳифзи матни “Чиҳил ҳадиси имом Нававӣ” Наврӯзи Ҳамдулло ҷои аввалро касб кард. Муҳаммадӣ Маҳмадиев, Шодмон Музаффаров, Иброҳим Ашуров дар мақомҳои баъдӣ нишастанд.
Дар бахши ҳифзи 20 ҷузъи Қуръон бо риояи таҷвид бошад, Нуъмонҷон Абдулқодиров аввал шуд. Ҳамдулло Иноятов, Сайфулло Холиқов ва Меъроҷиддин Шарипов мутаносибан ҷойҳои ду то чорро соҳиб гардиданд.
Ба ғолибони озмун дар ҳаҷми аз 1000 то 6,5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд. Дар расми тақдими ҷоизаҳо, ки аз ифтихорнома, китоби Қуръон ва туҳфаҳои пулӣ иборат буд, Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, Шайх Мусо Мирзо Ҳоҷӣ, ноиби муфтии Қирғизистон ва намояндаи сафорати Арабистони Саудӣ иштирок доштанд.
Қаблан, Комилҷон Сайидолимов, муовини ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам оид ба илм ба “Озодагон” иттилоъ дода буд, ки озмун аз ду давра иборат буда, дар қисмати аввали он 117 нафар аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ширкат намуда, танҳо 48 тан ба даври дуюм роҳхат гирифтаанд.
Масъулини Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа инчунин гуфтанд, озмуни “Ҳифз ва қироати Қуръони Карим” аз соли 2009 ба ин сӯ зери сарпарастии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар баргузор шуда, ҳадафи аслии он дарёфт ва парвариши беҳтарин қориҳои Қуръон дар ҷумҳурӣ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |