Модари ҷавони “иҷоранишин” дар Душанбе сегоник таваллуд кард
Нозанин Муҳаммадӣ, модари 24-сола дар Душанбе сегоник таваллуд кардааст, ки ҳар сеяш духтар мебошанд.
Амирҷон Сафаров, падари сегоникҳо ба "Озодагон" гуфт, духтарҳояш рӯзи якуми май дар таваллудхонаи маъруф ба “Якум Советский” ба дунё омадаанд: “То ҳол ду писарча доштам ва вақте якбора соҳиби се духтарча шудам, шодиям ҳадду канор надошт. Ду духтарчаам 2 кило ва як нафараш 1 килою 900 грам вазн доранд”.
Падари сегоникҳо гуфт, феълан вазъи саломатии духтарчаҳо ва ҳамсараш хуб аст. Ба суоли “Озодагон” дар мавриди вазъи иҷтимоии хонавода Сафаров илова кард, ки аслан зодаи ноҳияи Фархор аст ва дар Душанбе иҷоранишин буда, аз ҳисоби фурӯши моли тоҷирони дигар рӯзашро мегузаронад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |