Қабули созишномаи нав: Акнун А.Ғоиб нақшаро иҷро мекунад?

Дар пайи коҳиши савдои хориҷӣ ва иҷро нагардидани нақшаи даромади буҷа аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ парлумони Тоҷикистон 6-уми май созишномаеро ба тасвиб расонд, ки ба осон, арзон ва афзун намудани ҳаҷми савдои хориҷӣ равона шудааст.
Тибқи “Созишномаи Созмони умумиҷаҳонии савдо оид ба содагардонии расмиёти савдо”, ки рӯзи 6-уми май аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расид, содироту воридоти мол бояд ба кишвар осон гардад.
Сайраҳмон Назриев, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо зимни муаррифии лоиҳа қайд кард, ки тасвиби ин қонун ба паст кардани нарх дар бозори дохилӣ равона шудааст, зеро ба гуфтаи ӯ аҳамияти ин созишнома дар кам кардани хароҷот ҳангоми ворид ва содир кардани мол мебошад.
Инчунин Назриев муътақид аст, ки тадбиқ намудани ин созишнома савдои байналмилалиро то 5 %, ё худ 1,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ афзоиш медиҳад.
Шариф Раҳимзода, раиси Кумита иқтисод ва савдои Маҷлиси намояндагон низ аз “Созишномаи Созмони умумиҷаҳонии савдо оид ба соддагардонии расмиёти савдо” истиқбол намуда, шарҳ дод, ки дар Тоҷикистон барои содирот 11 ва воридот 12 ҳуҷҷат талаб мешаванд: “Дар ҳоле, ки дар кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд зимни содироту воридоти мол 7 ҳуҷҷат талаб мешаванд”.
Раҳимзода инчунин таъкид кард, ки дар Тоҷикистон барои ҳуҷҷатгузорӣ 71 рӯз, вале дар кишварҳои аъзо ҳамагӣ 10 рӯз лозим аст.
Тасвиби ин созишнома дар ҳолест, ки Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки роҳбарии он охири семоҳаи гузашта аз Рустами Эмомалӣ ба Абдуфаттоҳи Ғоиб вогузор шуд, дар се моҳи аввали соли равон аз уҳдаи иҷрои нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ набаромадааст ва инро ба коҳиши ҳаҷми савдои хориҷӣ марбут донист: “Тибқи қонун дар бораи буҷа барои соли 2015, Хадамоти гумрук бояд дар семоҳаи аввали соли равон ба хазинаи давлат 950,0 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид мекард. Аммо дар ин давра ҳамагӣ 720,7 миллион сомониро ба буҷа ворид намудааст, ки 75,9%-и нақшаро ташкил медиҳад”.
Тибқи иттилои Хадамоти гумрук тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2015 ба маблағи 965,7 млн. доллари амрикоӣ баробар шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ба маблағи 121,4 млн. доллар кам буда, 88,8%-ро ташкил додааст. То куҷо тасвиби созишномаи нав ба зиёд намудани тиҷорати хориҷӣ ва афзоиши даромади буҷа ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ мусоидат мекунад, феълан суоли матраҳ аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |