ВИДЕО: Озмуни “Ҳифз ва қироати Қуръони Карим” дар Душанбе
Дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии “Ҳифз ва қироати Қуръони Карим” миёни ҷавонони зери 25-сола ба қисмати ниҳойӣ расид. Қисмати ниҳойии он дар Маркази равобити пойтахт ҷараён дорад.
Комилҷон Сайидолимов, муовини ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам оид ба илм дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, озмун аз ду давра иборат буда, дар қисмати аввали он 117 нафар аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ширкат намуда, танҳо 48 тан ба даври дуюм роҳхат гирифтаанд.
Ӯ мегӯяд, даври дуюм ё ниҳойии озмун аз панҷ бахш -- ҳифзи кулли Қуръон бо риояи таҷвид ва ҳифзи матни муқаддимаи ҷазария, ҳифзи кулли Қуръон бо зикри номи сура, рақами оят ва саҳифа, ҳифзи кулли Қуръон бо риояи таҷвид ва тафсири сураҳои “Нисо”, “Моида” ва “Анъом”, ҳифзи кулли Қуръон ва ҳифзи матни “Чиҳил ҳадиси имом Набавӣ”, ҳифзи 20 ҷузъи Қуръон бо риояи таҷвид иборат аст.
Масъулини Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа мегӯянд, озмуни “Ҳифз ва қироати Қуръони Карим” аз соли 2009 ба ин сӯ зери сарпарастии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар баргузор шуда, ҳадафи аслии он дарёфт ва парвариши беҳтарин қориҳои Қуръон дар ҷумҳурӣ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |