Дидори Аслов бо ҳамтои қирғизаш дар пайи ҳодисаи охири марзӣ
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш - Эрлан Абдилдаев мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар, дидори Аслов бо Абдилдаев 5 майи соли равон баргузор шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ин мулоқот дар чаҳорчӯби Ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории минтақавӣ дар бахши назорати маводи мухаддир сурат гирифт. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз раванди мусбии рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, зарурати тақвияти онҳоро дар ҳама арсаҳо таъкид намуданд.
Дидори Аслову Абдилдаев дар ҳолест, ки Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 2 майи соли равон, 7 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 3 афсари Оҷонсии зидди маводи мухаддири кишварро боздошт карда, онҳоро дар убури ғайриқонунии марз гунаҳкор донист. Вале баъд аз супоридани тафтиши қазияи қочоқи 180 кило симоб, ки аз сӯи марзбонҳои тоҷик ошкор шуд, бар зиммаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, шаҳрвандони Тоҷикистон озод шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |