Аксҳои Тоҷикистон китобхонаи Алтайро “зеб” медиҳанд
То поёни ин моҳ дар китобхонаи ба номи В.Я. Шишкови Алтай намоишгоҳи аксҳои “Тоҷикистон аз нигоҳи Русия” фаъол мешавад.
Аксҳое, ки қарор аст дар ин намоишгоҳ манзур шавад, аз сӯи журналист Владимир Алексеев замони сафари як ҳайати Русия дар моҳи марти соли 2013 бардошта шудаанд.
Ин ҳайат ба хотири иштирок дар ҷашнҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон омада буд ва тавассути Роҳи абрешим аз Исфара то Панҷакент сафар намуд. “Бештари ин аксҳо портрети одамони оддиянд, ки дар роҳ бо онҳо вохӯрдем. Қаблан, ин аксҳо дар чорчуби ҷашнвораи тарони русӣ дар шаҳри Хуҷанд намоиш дода шуданд”,-гуфтааст Алексеев.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |