Давлат ва авом: Чаро ба ҳам бовар надоранд?
Азизи НАҚИБЗОД
Мардуми оммӣ миёни мафҳумҳои давлат ва ҳукумат фарқ намегузорад. Барояш ҳукумат давлат асту давлат ҳукумат. Тавақуъу хостаҳояш аз давлат ҳам тавақуъ аз ҳукумат аст.
Ҳеч зарурате ҳам нест, ки омиён ба фарқи ин ду мафҳум сарфаҳм раванд. Муҳим ин аст, ки мардум ба ҳукумат эътимод дошта бошаду ҳукумат хостаҳои онҳоро бароварда созад ва ба бовари мардум сазовор гардад. Асоси амнияту осоиш ҳам ҳамин аст.
Замоне, ки Шуравӣ ҳукумат мекард, мардум ба давлат (хонда шавад ҳукумат) эътимод дошт. Ёдам ҳаст, ки ун айём таҳсилдидаҳо мегуфтанд: “Агар 25 сол хушксолӣ ояд давлат иқтидор ва захирае дорад, ки мардумро бо ғизо таъмин намояд”. Ва ба ин гуфтаҳо аксарият бовар доштанд. Дурӯғ буданашро шояд чанд нафар дар сатҳҳои хеле боло медонистанд. Оре, чунин дурӯғҳое ҳам дошт, вале ҳақиқатҳояш низ кам набуд. Воқеиятҳояш ин буд, ки касе гурусна набуд. Бехонаву дар, бе замин, бе ҷои кор, беҳуқуқ, бедониш ва ниҳоят бесоҳиб намемонд. Бахусус таҳсилдидаҳо бекор намемонданд. Дақиқтараш баробар ба ҷойи кор мутахассис омода мешуд.
Агар дар деҳаву ҷамоат арзи касеро намешуниданд ба ноҳия, дар ноҳия гӯшаш намекарданд ба вилояту ҷумҳурӣ даъво мебурд. Дар сатҳи ҷумҳурӣ мушкилаш ҳал намегардид ба Кремл шикоят мекард. Ва ҳатман мушкилаш ҳал мешуду гунаҳкор ҷазо мегирифт. Он вақт давлат раиятро ҳам омӯзиш медоду ҳам парвариш менамуд ва ҳам табобат мекард. Бо тамоми маъно мехӯронду мепӯшонд. Касе ба ин шак надошт.
Ҳоло ки бистучанд сол аст, мо ҳам давлат бунёд намудаем ва ҳукумат ҳам дорем, оё тавонистаем, ки ниёзҳои мардумро бароварда бошем? Оё медонем ки имрӯз мардум аз мо чӣ тавақуъ доранд? Мо ки мардумро бо кор таъмин намуда натавонистем, ақалан ниҳоде дорем, ки шикояташро гӯш кунад? Магар огаҳ ҳастем, ки то куҷо раият ба давлату ҳукумат эътимод дорад?
Имрӯз ҳам хабари шуми марги як оилаи тоҷик дар Сурия расид. Чунин шумхабарҳо ахиран зиёд ба гӯш мерасанд. Шояд сабаби рӯ ба Ироқу Сурия ниҳодани ҷавонони тоҷик ин аст, ки дигар муҳоҷирати Русия ҳам ниёзҳои мардуми бекормондаи тоҷикро бароварда намесозад? Шояд аз наёфтани роҳи дигар рӯ ба ин роҳи маргу даҳшат пеш гирифтаанд? Оё мо аслан дар ин маврид андеша кардем?
Дар воқеъ, ҳукумат бо ҳар роҳе мегӯяд, ки ба Ироқу Сурия наравед, ин амал хатост. Вале, оё омода аст, ки дар ин баробар роҳе нишон диҳад? Тайёр аст, то бигӯяд, ба ин роҳи хатарзо наравед, ин аст роҳи рӯшану ҳамвор?
Таассуфбарангез аст, лек воқеият аст, ки роҳи дигар нишон намедиҳад.
Фикр намекунед, сабаби роҳи маргро интихоб кардани ҷавонон низ шояд ҳамин набудани эътимод бошад? Эътимод ба давлат ё ба ҳукумат.
Асри XXI, ки дигар асри воқеиятгаройист, эътимоди мардумро намешавад бо насиҳат, хусусан насиҳатҳои шабакаиякумӣ ба даст овард. Барои он ки мардум ба ҳукумат эътимод кунад роҳе ва ё пружае зарур аст, ки мардум онро бубинанд ва таъсирашро дар зиндагияш эҳсос кунад.
Ва ниҳоят ин хонае, ки мо бо номи давлат бунёд ниҳодем, магар ба бозсозӣ ниёз надорад?
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |