Ҷаримаи администратори “Пойтахт-90” барои бемасъулиятӣ нисбати тифлаш
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Манучеҳр Нуридинов, администратори бозори тобистонаи маҷмааи савдои “Пойтахт-90”-ро барои бемасъулиятӣ нисбати тифли навзодаш дар ҳаҷми 120 сомонӣ ҷарима бастааст.
Тибқи иттилои додгоҳ зимни мурофиа маълум шуд, ки Билол, писари Манучеҳр Нуридинов ҳанӯз соли 2014 ба дунё омадааст, аммо то 2-юми апрели соли равон шаҳодатномаи таваллуд надоштааст. Манбаъ мегӯяд, администратори бозори тобистонаи “Пойтахт- 90” бо ин рафтори худ талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистонро нақз карда, нисбати ӯ барои иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ тарбиявӣ аз ҷониби нозири минтақави ШВКД ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ афзуд, ки ба далели бе сабабҳои узрнок ба мурофиа ҳозир нашудани Манучеҳр Нуридинов қазия бе ҳузури ӯ баррасӣ шуда, гуноҳаш пурра тасдиқ шудааст: “Нуридинов бо дастрасии моддаи 90- и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазо ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 120 сомонӣ ҷарима ба фоидаи давлат татбиқ шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |