Даъвати додситони кулл ба назди раисиҷумҳур ва тағйирот дар ҷаласаи парлумон
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, баррасии Шартнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Чин оид ба бозпас гардонидани маҳкумшудаҳоро бо далели ҳозир нашудани Юсуф Раҳмонов, додситони кулли кишвар ба таъхир андохт.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон имрӯз, 6 май баррасии ин шартномаро ба охири ҷаласа вогузошта, гуфт, Раҳмоновро раисиҷумҳур наздаш даъват кардааст ва бояд то охири ҷаласа ҳозир шавад. Аммо бо далели тӯл кашидани қабули Раҳмонов дар назди раисиҷумҳур Зуҳуров ба вакилон пешниҳод намуд, то ин масъала аз барномаи ҷаласаи имрӯз берун шавад ва вакилон ин пешниҳодро бо як овоз ҷонибдорӣ карданд.
Маҷлиси намояндагон 10 масъали дигари барномаи ҷаласа, аз ҷумла тағйироти ахири кадрӣ дар Бонки миллӣ ва Палатаи ҳисоб, лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба содагардонии расмиёти савдо"-ро ба тасвиб расонд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |