Роҳандозии ҷазо барои ҳисоботи дурӯғи мансабдорони тоҷик
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 6 май лоиҳаи иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишварро қабул намуд, ки тибқи он барои пешниҳоди омори дурӯғ ҷазо пешбинӣ шудааст.
Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон гуфт, бо қабули иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, шахсони мансабдор ва афроди ҳуқуқӣ дар сурати нодуруст ва ё нопурра пешниҳод намудани омор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Вазири адлия афзуд, ҳадаф аз ин навгонӣ роҳандозии омори дурусти давлатӣ дар кишвар мебошад.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо соҳибкорони тоҷик гуфт, ҳам намояндагони бахши хусусӣ ва бахши давлатӣ ба пешниҳоди ҳисоботи бардурӯғи оморӣ даст мезананд: “Айни замон ҳисоботи оморӣ дар аксари ҳолатҳо ба воқеият рост намеояд. Маълумоти оморӣ оид ба истеҳсоли маҳсулот ё хизматрасонӣ бо дарназардошти манфиатҳои шахсӣ ё идоравӣ, аз ҷумла бо мақсади аз андозбандӣ пинҳон кардани истеҳсоли маҳсулот, барзиёд нишон додани иҷрои нақшаи истеҳсол ва дигар сабабҳо кам ё зиёд нишон дода мешавад, ки ин боиси мураккаб гардидани банақшагирии истеҳсоли маҳсулот, воридот ва содироти он мегардад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |