Кист чист?

Кист ҳубобест, ки дар дохили узвҳо пайдо шуда, пур аз моеъ, чарб ё дигар пуркунандаҳо буда, девора низ дорад. Кистҳо модарзодӣ ва пайдошуда мешаванд, ки натиҷаи вайрон шудани фаъолияти узвҳоянд. Масалан, гурдаи инсон аз нефронҳои борик иборат аст, ки дар онҳо доим моеъ ҷорист ва тозакунии хун анҷом мешавад. Механизми пайдошавии кисти гурда чунин аст, ки дохили бофтҳои гурда басташавии найчаҳои нефрон дар натиҷаи ғафсшавии эпителия сурат мегирад ва боиси ҷамъшавии моеъ гашта, кист (хубоб) шакл мегирад. Фаъолияти пешобхориҷкунии найча катъ шавад ҳам девораҳои он бо хун таъмин мешаванд.
Девораҳои ин нойча хусусияти моеътавлидкунӣ доранд. Онҳо ба фаъолияти худ идома дода, андозаи кистро бузург кардан мегиранд. Кистҳо метавонанд дар аксари узвҳо: мағзи сар, чашм, дандон, ҷигар, гурда, узвҳои дохилии занон ва ғайра низ пайдо шаванд, ки механизми пайдоишашон гуногун аст. Андозаашон аз зарраи хурд то андозаи тарбуз мешавад. Кистҳои хеле бузургро бо палмосидан ошкор кардан имкон дорад. Дар акси хол онҳо фақат дар ултрасадо ё аксҳои рентгениву томографӣ аён мешаванд. Бояд гуфт, ки аксаран кистҳо вақти ташхиси узвҳо иттифоқан ошкор карда мешаванд. Яъне 30-35% одамон кист доранд ва худашон инро намедонанд. Кистҳо аз худ хабар намедиҳанд.
Ба гуфти пизишки ултрасадои Бемористони Ибни Сино Меъроҷ Хақназаров одам бояд на камтар аз ду бор дар сол аз тариқи ултрасадо ташхиси бишавад. Ин намуди ташхис безарар ва дастрас буда, метавонад аз бисёр авориз пешгирӣ бикунад. Кистҳо одатан тубмонанд мешаванд. Кистҳои поядори монанд ба замбуруғ низ мешаванд. Баъзан ин намуд кист ба пояи худ печ мехурад, таъминоти хун ба девораҳояш қатъ шуда кист мепусад ва хатари кафида заҳролудкунии дохилї ба вуҷуд меояд. Хатари кистҳои тубмонанд дар он аст, ки онҳо бузург шуда, узвҳои атрофро пахш ва фаъолияти онҳоро халалдор мекунанд. Баъзан кистҳо ба саратон низ табдил меёбанд.
Одатан пизишкон кистро ба назорат мегиранд ва мариз ҳар 3-6 моҳ аз ташхиси ултрасадо мегузарад. Дар холати пайдо шудани авориз ё хатарҳои дар боло қайд шуда, кист ба таври ҷарроҳӣ гирифта мешавад.
Тибби рӯз имкон дорад, ба таври камтаҳоҷуми бо ду сурох дар пӯст аксари кистҳоро бардорад, ки онро усули лапароскопӣ меноманд. Дар ин ҳол кист бо девораҳояш гирифта мешавад, ки имкони аз нав пайдо шуданаш аз байн меравад. Албатта ин маънои онро надорад, ки дар ин узв дигар кист пайдо намешавад, зеро дар бофтҳои нави узв кисти дигар пайдо шуда метавонад. Хушбахтона, таҷҳизоту технологияи нави тиббї ин амалро комилан камавориз кардааст. Ширкати Суғуртаи Милли қимати ин ҷарроҳиро барои муштариёнаш бамаротиб коҳиш додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |