Ҳукумати Путин хостори ифтитоҳи намояндагии хадамоти гумрук дар Тоҷикистону Русия шудааст
Ҳукумати Русия тасмим гирифта ба раисиҷумҳури ин кишвар - Владимир Путин пешниҳод кунад, ки зери созишномаи ифтитоҳи намояндагии Хадамоти гумрук дар Русия ва Тоҷикистон имзо гузорад. Дар ин бора сомонаи расмии ҳукумати Русия хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ифтитоҳи намояндагиҳои мазкур имкони баланд бардоштани ҳамкориҳои хадамоти гумруки кишварҳоро бо ҳадафи таъмини қонунгузориҳои гумрукӣ, тафтиш ва ҷилавгирӣ аз нақзи қонунгузориҳо дар ин бахш, вусъат бахшидан ба гардиши коло миёни кишварҳо ва таъмини дурусти пардохтҳои гумрукӣ фароҳам меорад.
Лоиҳаи қарори мазкур дар ҷаласаи кобинаи вазирон рӯзи 30 апрел баррасӣ шудааст, хабар медиҳад РИА “Новости”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |