Вазорати маориф ҳам телефони боварӣ фаъол кард
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз фаъол шудани телефони боварияш хабар дод.
Эҳсон Хушвахтов, сухангӯи ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, “бо мақсади таъмини робитаи доимии шаҳрвандон бо Вазорати маориф ва илм, саривақт бохабар будан аз мушкилоти ҷойдоштаи соҳа дар минтақаҳо, бахусус, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Телефони боварӣ”-и доимоамалкунанда ба фаъолият шурӯъ кард”.
Ба қавли ӯ, шаҳрвандон метавонанд дар сурати лозим бо рақами 227-76-86 тамос бигиранд: “Пайваст шудан ба “Телефони боварӣ” тавассути сомонаи вазорат ва ҳафтаномаи “Омӯзгор” низ имконпазир аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |