Бахшҳо
05 май 2015 16:57Тоҷикистон / Тема дня

Парвандаи ҷиноӣ нисбати сокини 41-солаи Душанбе барои фурӯши мебел бо доллар

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо гумони “додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ” як сокини 41-солаи шаҳри Душанбе боздошт шудааст.

Торнамои расмии ин ниҳод навиштааст, ин сокини пойтахтро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯзи чоруми майи соли равон зимни як чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир кардаанд: “Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда ҳангоми хариди 2 адад таҷҳизоти мебелиро бо асъори хориҷӣ ба маблағи 3440 доллари ИМА ба харидор фурӯхтааст”.

Манбаъ меафзояд, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Боздошти ин соҳибкор барои муомилот бо асъори хориҷӣ дар ҳолест, ки қаблан раҳбарияти Бонки миллӣ ба тоҷирон ҳушдор дода буд, аз хариду фурӯши молашон бо асъори ғайр худдорӣ намоянд, зеро қонунгузории кишвар чунин муомилотро манъ кардааст. Мақомоти қудратии Тоҷикистон аз ин пеш низ аз боздошт ва оғози парванда нисбат ба чанд тоҷири кишвар барои ба фурӯш гузоштани молашон бо асъори хориҷӣ хабар дода буданд.
Мӯҳр
Ҳолдон
Сагро бо зур шикор бурдан нашояд,
Чун сайд шикор шуд, тӯъмаи он саг аст.

Окибати хамагуна МАНЪКУНИ боз намудани рох барои КОРРУПСИЯ
мебошад , МУХТАРАМ МАНСАБДОРОН !!!!!

Наход ки бо доллар муомила кардан чиноят бошадаааа. Хамаи корхо дар дунё бо доллар аст. Хатто мансаб...

Бечора харидори милиса ба фикрам чанд руз вайя угаварит карден, ки бо доллар фуруша баъд дастгираш карден.

Муслим
Бисёраш "постава", харидор- поставной, мебиёяд бо долл нархашро мепурсад, савдо мекунад, хангоми пултии фурушандаро дастгир мекунанд, агар постава набошад пас чаро парванда барои харидор нест??..

Bo salom! Barodaroni qonunguzor oyo ba in andesha namekuned ki tamomi mahsulot va bor az horija vorid meshavad. Mo ne korgoh ne korhonai durusthisobi dorim . Zavod va istehsoloti kollo da kishvar anqarib vujud nadorad. Bechora tojir hamai mahsuloti voridotiro bo dolar haridori mekunad va majbur ast,ki baroi barshikast nashudan bo dolar furushad. Dolar niz har ruz meravad bollo va bo qavonini pesh giriftai hukumat sarofiho dolar taqriban namefurushand. Bo in vaziyat va qavonin guzori tojir majbur ast ki baroi barshikast nashudanash haridu furushro bo asori horiji va mahz bo dolar anjom dihad. Shumo ba joi in qavoninoi bemano ba fikri istehsolot va obod namudanu soxtani korhona boshed va tanho bo in roh metavoned az harudu furushi mahsulot bo dolar peshgiri kuned. 1 sol digar bo hamchun qonunho pesh raved tamomi tojirho korashonro mepartoyandu pulhoyashonro dar digar kishvarho sarmoyaguzori mekunand. Baad on vaqt hukumat mefahmad ki tavarum chi ast?!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)