Шанбе, 5 Апрел 2025
Дар Шинҷон тоҷирон ба фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ муваззаф шудаанд

Дар вилояти мухтори Шинҷон-Уйғури Чин тоҷирон ва соҳибкорон муваззаф шудаанд, дубора фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ ва тамокуро дар мағозаву қаҳвахонаҳои худ ба роҳ монанд.
Мақомоти Чин дар шарҳи ин қарори худ, гуфтаанд, иқдоми мазкур ба хотири заиф кардани нақши дин дар ҷомеа роҳандозӣ шудааст. Одил Сулаймон, намояндаи расмии Ҳизби коммунисти Чин дар деҳаи Акташи ин вилоят дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ ва тамоку барои он ҳатмӣ шуд, ки аксари соҳибкорон аз соли 2012 ба ин сӯ, аз фурӯши онҳо худдорӣ мекунанд: “Бисёри тоҷирон ба хотири мавриди тамасхури мардум қарор нагирифтан, вақтҳои охир аз фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ ва тамоку худдорӣ мекунанд ва ҳатто бархе аз сокинон бо ин далел нушидани ин навъи нушокӣ ва истеъмоли тамокуро қатъ кардаанд”.
Ба гуфтаи ин намояндаи Ҳизби коммунисти Чин, мақомоти ин кишвар барои заиф кардани нақши дини Ислом дар ҷомеаи худ барномаеро рӯи даст гирифтаанд ва ҳатмӣ шудани фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ ва тамоку низ як бахши он аст.
Дар ҳамин ҳол, сомонаи Радиои Осиёи озод бо такя ба манобеи худ дар вилояти Шинҷон навиштааст, “ба хотири худдорӣ аз иҷрои ин қарор мағоза ва қаҳвахонаи чанд тоҷир баста шуда, алайҳи онҳо чораҳои ҳуқуқӣ андешида шудааст”.
“Вашингтонпост” ҳам менависад, қарори ҳатмӣ шудани фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ дар Шинҷон дар ҳолест, ки қаблан мансабдорони давлатӣ ва ҷавонон дар ин минтақаи Чин аз рафтан ба масоҷид ва иттиҳодияҳои динӣ дар моҳи Рамазон маҳрум шуда, занони онҳо ҳаққи ба бар кардани рӯсариро надоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |