Бахшҳо

Боздошти боз як иҷрочии суд аз сӯи тобеини Рустами Эмомалӣ

Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон иҷрочии калони суди ноҳияи Ҳисорро бо иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми беш аз 1000 сомонӣ боздошт кардааст.

Дар ин бора дафтари матбуотии ин ниҳод, имрӯз, 5 май иттилоъ дода, афзуд, дастгиршуда ҳамчун иҷрочии калони суди ноҳияи Ҳисор, дар асоси истеҳсолоти иҷро аз 12 июли соли 2013, барои бақайдгирӣ ва аз қайдбарории воситаи нақлиёти “ВАЗ-21015”, ки ба номи шаҳрванд “А” ба қайд гирифта шуда, маҳдудият гузошта шудааст, бо мақсади барҳам додани ҳама гуна маҳдудиятҳои ҳуҷҷатгузории ин автомашина, ки ба доираи ваколатҳои хизматиаш дохил мешавад, аз шаҳрванд “Б”, соҳибмулки нави он, 1050 сомониро ба сифати пора талаб намудааст.

Манбаъ мегӯяд, дар марҳилаи аввал дастгиршуда маблағи 350 сомониро ҳамчун пешпардохт гирифта, 700 сомонии дигарро талаб намудааст: "23 марти соли 2015, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз тарафи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрочии калони суди ноҳияи Ҳисор ҳангоми гирифтани маблағи 700 сомонӣ, аз шаҳрванд "Б", дастгир карда шуд".

Ба иттилои Оҷонсӣ, нисбати гумонбаршуда, бо моддаи 319 кисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта, 4 май Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз боздошти иҷрчии суди вилояти Суғд бо иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми беш аз 10 ҳазор доллар хабар дода буд.
Мӯҳр
точ
Офарин ба Рустами Эмомали

Турдибой
1050 cомон хам гап шуд-ми. Касрхо чи? Мошинхои гаронкимат аз кучо?

Софдил
хазор ду хазор сомон ба хайр аст. Аз доллар гап занен. Хозир сад доллар худаш хазора карибгири кардестай. Дар хакикат чамъият бисёр фасодзада шудаги. Вой бар холи миллат ва хайфи ин кадар мехнати Чаноби Оли.

Аптека
Аз Агентии зидди коррупсия хохиш ва илтимос мекардем,ки ришвагирони хадамоти назорати фармасевтиро хам пеши рохашонро гиранд .Кормандони ин идора аз хад гузаронидаанд ва аз мо доруфурушхо доим яьне хар мох пора талаб карда истодаанд.
Ба мухтарам Рустами Эмомали барори кор хохонем.

Софдил,
холи навбати онхо хам меоя, и аникай.

Андеша
Дируз бо кормандони Агентии каррупсия вохури доштем, онхо хело харфхои хуб заданд, Гуфтанд, ки пора нагирем ба моаш рузгора як бало карда барен, ба давлат хизмат кунен ва хоказо. Бисёр гапои макул. Лекин аз толор баромада бо мошинхои ба кавли бачахои гузари мо ТИНЧ рахсипор шуданд. Баъдан ба ёдам монологи НТР- Убайдулло Рачаб омад !!! ачиббббб маоши онхо чанд бошад, ки чунин мошинро харида метонан??? ман дар бораи хонахошон намегум, холо онки хонахояшон беш аз 1 милион доллари арзиш доран )))) ин як андешаи манаст Биё НТР-ба

Хахахахаха гуфти бачохои гузармон гапои тенч гуфти хахахахахаха НТР хахахахаха гап нест зинда боши Бародар.

кулябец
Сангхои вазнинро аз рох бардоред!Ва ё коорупсия бо хамин 1000 сомони тамом мешавад? О хонахои дакаданг мошинахои кимматро аз кучо хариданро аввал аз депутату вазирхо пурсиш кунед!
Барои результати 1000 сомона худатонро дар назди мардум беобрую шарманда накунед!!!

Шерали
Кормандони Агентии коррупсия зурашон факат ба камбагалхо мерасад. Кани ягон вазир ё раиси нохияву шахрро боздошт кунед, ё чи онхо пора намегиранд? Дастгир кунед хам, корро аз боло хал мекунанд бар ивази маблаги калон.
Аз Рустами Эмомали хохиш дорам, ки як бор ба тарафи бозори Балх рафта, дар ру ба руи он хонахои кормандонашро тамошо кунад. Такрибан 20-25 хавли, хамааш бар ба бар сохта шудаанд, ки аз кормандони ин макомоти зидди коррупсия мебошанд. Хар яктои он такрибан аз 200 то 500 хазор доллар нарх дорад. Ман як корманди давлати мебошам, дар як вазорат сардори раёсат, 1600 сомони маош мемегирам, ки хамаги 10-15 руз мерасаду тамом. Хона харидан наметавонам бо як маош. Аз кучо кормандони агентии коррупсия, андоз, БДА ва прокуратура чунин хонахоро харидаанд ё сохтаанд. Аз бобохояшон мерос мондааст магар?
Ободи бо сохтани чунин хавлихои бо пули харому дузди сохтан нест, ё магозаву бозорхо. Ободи дар зиндагии баробари хамаи кишрхои чомеа, сохтани корхонаю заводхо. Мардумро бо кор ва маоши хуб таъмин кардан, баробархукуки. Ин хонахо хамаги ба 10-15% мардум тааллук дорад, ки онхо кормандони вазорату идорахои номбурда мебошанд. Магар генотсиди миллати точик нест?
Аз Озодагон хохиш дорам, ки аз барои Аллох ин навиштахоро нашр кунед.

Нобуд кардани порахуриро аз хитой бояд ед гирифт.дар мо хукумат тамоман дар коррупция гарк шудагист.нест кардани коррупцияро бояд аз болои боло сар кард

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)