Шарҳи нави пулису амният дар бораи таҳдид ба омӯзгорон дар Рашт
Маркази матбуоти ВКД ва Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ имрӯз, 5 май бо пахши як изҳорот ҷузъиёти қазияи мактаби таҳсилоти умумии №44-и ноҳияи Раштро шарҳ дод. Дар он гуфта мешавад, рӯзи 18 апрели соли равон аз дохили муассисаи таҳсилоти умумии №44-и деҳаи Боғистони ҷамоати деҳоти Б. Раҳимзодаи ноҳияи Рашт се мактуби дастнависи беимзо, ёфт шудааст, ки дар он омӯзгорон таҳқир шудаанд.
Манбаъ мегӯяд, дар пайи роҳандозии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ маълум гардид, ки дар ин ҳодиса ду хонандаи мактаби миёнаи №44 - Фарзонаи Туйчӣ (соли таваллудаш 1998) ва Паймонаи Туйчӣ (соли таваллудаш 2001), аз хусумати доштаашон ба роҳбари ин мактаб -- Хайрулло Раҳимов ва омӯзгорони мактаби мазкур -- Нуралиев Аҳмадҷон, Бобиев Икромалӣ ва Шодиева Зебистон, ба ин амал даст задаанд: “Мутобиқи нишондоди худи ноболиғон, хусумати доштаи онҳо аз он сабаб аст, ки моҳи феврали соли равон омӯзгор Нуралиев А. онҳоро ба бозии волейбол роҳ надодааст ва инчунин эродҳои ҷиддӣ гирифтани роҳбари мактаб Раҳимов Х.Т., дар ҷамъомадҳои мактабӣ барои дер омаданашон нисбати падари ноболиғон - Шукуров Туйчӣ, ки ба ҳайси посбон ва модарашон Сангинова Назофат, ки ба ҳайси омӯзгор дар ҳамин мактаб кору фаъолият доранд, мебошад”.
Дар изҳороти мазкур, ки торнамои ВУД нашр кард, гуфта мешавад, ноболиғон Паймонаи Туйчӣ бо маслиҳати апааш Фарзонаи Туйчӣ барои тарсонидани омӯзгорони мактаби зикргардида хатчаҳои таҳқиромез нисбати омӯзгорони ҳамин мактаб навишта, ба синфхонаҳо мепартоянд. Ба иттилои манбаъ, муайян шуд, ки воқеаи дар мактаби миёнаи №44 деҳаи Боғистони ҷамоати Б.Раҳимзодаи ноҳияи Рашт рухдода ягон хел хусусияти сиёсӣ, динӣ-мазҳабӣ ё ифротгароӣ надошта, танҳо дар натиҷаи хусумати шахсиву оилавии ду ноболиғ содир шудааст.
Бино ба иттилои ВУД, айни замон аз рӯйи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ Маркази матбуоти ВКД ва Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ бо нашри як изҳороти муштарак гуфта буданд, шаби 17 ба 18 апрели соли равон ашхоси номаълум ба бинои мактбаи миёнаи таҳсилоти умумии №44 деҳаи Боғистони ҷамоати Б.Раҳимзодаи ноҳияи Рашт даромада, гӯшаи методӣ, овезаҳо, газетаҳои деворӣ, ҷадвали дарсҳоро корношоям кардаанд. Ҳамчунин, харитаҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷамоати мазкурро қисман оташ зада, ба омӯзгорон мактуби беимзои таҳдидомезро гузоштаанд: “Дар ҷараёни роҳандозии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ ва тафтишотӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ муайян намуданд, ки дар ҳодисаи зикрёфта 2 нафар ноболиғ хонандагони мактаби миёнаи №44 Раҳимов Неъматулло Умарович, соли таваллудаш 2000-ум ва писарамакаш Раҳимов Хуршед Муродхоҷаевич, соли таваллудаш 1999 даст доранд”.
Дар идомаи изҳорти муштараки Маркази матбуоти ВКД ва Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ гуфта мешуд, бино ба нишондоди Зарифамоҳ Акрамова моиндари Хуршед Раҳимов, писараш мубталои бемории руҳӣ буда, тақрибан 2 сол пеш, аз беэҳтиётӣ як қисми манзили зисташонро сӯзонидааст: “17 апрел моиндари Раҳимов Хуршед, ки фарроши мактаб мебошад, бо нияти рафтан ба меҳмонӣ, калиди муассисаро ба фарзандаш медиҳад ва аз ӯ хоҳиш мекунад, ки бегоҳ, баъди анҷоми дарсҳо дари мактабро маҳкам кунад. Раҳимов Хуршед аз беназоратии волидайн ва муаллимон истифода бурда, ҳамроҳ бо Раҳимов Неъматулло, тақрибан соатҳои аз 23-24:00 ба мактаби миёнаи №44 медароянд. Мутобиқи нишондоди худи ноболиғон, онҳо аз тарс дар торикии долони мактаб ашёҳои таълимиро оташ гиронда, роҳро равшан намуданд. Баъди баланд шудани аланга, бо мақсади хомӯш кардан ба болои он харитаи собиқ Иттиҳоди Шӯравиро мепартоянд. Вале бинобар сабаби кушта натавонистани оташ, Раҳимов Хуршед ва Раҳимов Неъматулло онро бо пойҳояшон хомӯш карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |