Нишасти ғайрирасмии раҳбарони узви СПАД дар Маскав
Раҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия гирдиҳам меоянд.
Ба иттилои расонаҳои русӣ, нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви СПАД рӯзи 8 майи соли равон таҳти раҳбарии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия баргузор хоҳад шуд.
Манбаъ мегӯяд, баррасии вазъи амнияти минтақа, эҳтимоли нуфузи террористҳо ба марзҳои ҷанубии Осиёи Марказӣ ва густариши ҳамкориҳо миёни кишварҳои узви ин созмон аз мавзӯъҳои меҳварии ин мулоқот хоҳад буд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 2 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони хориҷии кишварҳои узви СПАД баргузор шуда, дар он масоили хатар ва таҳдидҳо ба амнияти минтақа баррасӣ гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |