Таъкиди генерал Назарзода ба таваҷҷуҳи қочоқчиён ба хатсайри “Шимоли баҳри Сиёҳ”
Рустам Назарзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар Осиёи Марказӣ гуруҳҳои трансмиллӣ талош доранд, то бозори фурӯши маводи мухаддирро васеътар намоянд.
Ҷаноби Назарзода ин нуктаро рӯзи 4 май зимни вохӯрии нуҳуми кишварҳои аъзои “Ёддошти ҳусни тафоҳум” оид ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар иброз доштааст. Ин мулоқот дар шаҳри Ашхободи Туркманистон ба кори худ оғоз кард.
Бино ба иттилои Агентӣ, Рустам Назарзода аснои суханронӣ гуфтааст, гуруҳҳои трансмиллӣ талош доранд дар Осиёи Марказӣ бозори фурӯши маводи мухаддирро васеътар намоянд. Ба қавли ӯ, солҳои ахир тамоюли интиқоли маводи нашъаовар бар хилофи “хатсайри шимолӣ” тавассути шимоли Эрон ва кишварҳои Қафқоз ба Аврупои Ҷанубу Шарқ ва Русия тариқи хатсайри ба ном “Шимоли баҳри Сиёҳ” мушоҳида мегардад: “Дар ин бора мусодираи маводи нашъаовар дар ҳаҷми ниҳоят калон дар кишварҳои хатсайр шаҳодат медиҳад”.
Оқои Назарзода дар масъалаи тақвияти назорати минтақавии ҳаракати прекурсорҳо аз кишварҳои истеҳсолкунанда то Афғонистон ҳам ибрози назар намуда, ба вусъати кори Маркази минтақавии иттилоотии ҳамоҳангсози Осиёи Марказӣ таъкид намудааст.
Нишасти “Ёддошти ҳусни тафоҳум" имрӯз, 5 май бо ширкати вазирони умури хориҷии як қатор кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.
“Ёддошти ҳусни тафоҳум" соли 1996 дар шаҳри Тошканди Узбакистон миёни ҳукуматҳои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ба имзо расид. Соли 1998 ба он Русия ва Фонди Оқохон ва соли 2001 Озарбойҷон ҳам шомил шуданд.
Агентии назорати маводи нашъаовари назди раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, “Ёддошти ҳусни тафоҳум” ба як маҷлисгоҳи бузург барои муҳокимаи ташаббусҳои минтақавӣ дар соҳаи ҳамкорӣ табдил ёфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |