Парвандаи ҷиноӣ нисбати ду ноболиғ барои дуздии молу колои чиниҳо
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ду ноболиғ хабар медиҳад, ки дар дуздӣ муттаҳам мешаванд.
Торнамои расмии ин ниҳод менависад, ин ноболиғон, ки яке 14 ва дигарӣ 16 сол доранд, 3 майи соли равон тахминан соати 14:30 аз ҳуҷраи хоби кормандони иншооти сохтмоние дар шаҳри Душанбе, ки шаҳрвандони Хитой кор мекунанд, ду ноутбук (тамғаи “Асус” ва “Делл”), 6 телефон, 3 ҷуфт пойафзоли мардона ва дигар ашёҳо, ҷамъ ба маблағи умумии 2500 сомониро дуздидаанд: “Дар натиҷаи бурдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду писари ноболиғ, сокинони шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир намуданд”.
Ба иттилои манбаъ, далелҳои шайъӣ аз дастгиршудаҳо гирифта шуд ва тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |