Боздошти собиқ сармеъмори Данғара бо иттиҳоми ришвахорӣ
Масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти собиқ иҷрокунандаи вазифаи сармеъмори мақомоти иҷроияи маҳаллии ноҳияи Данғара - Ҳафизов Низом хабар додаанд, ки дар гирифтани пора муттаҳам мешавад.
Ба иттиллои дафтари матбуотии оҷонсӣ, сармеъмори пешини ноҳияи Данғара ба хотири ҷудо кардани қитъаи замини назди ҳавлигӣ ба масоҳати 0,08 га аз шаҳрванд “А”, 2 ҳазору 50 доллари амрикоӣ талаб кардааст.
Манбаъ мегӯяд, Ҳафизов аз ваколати худ сӯистифода карда, барои ҷудо кардани замини назди ҳавлигӣ 18 ҳазору 750 доллари амрикоии чаҳор сокини дигари ноҳияро низ азхуд кардааст. Дафтари Оҷонсии зидди фасоди молии Тоҷикистон афзудааст, ҳоло алайҳи сармеъмори пешини ноҳияи Данғара тибқи моддаи 247 қисми 4 банди “б”-и Кодекси ҷиноии кишвар парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |