Муҳлати Убайдуллоев барои берун баровардани мошинбозор аз ҳудуди Душанбе
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе барои берун баровардани мошинбозор аз ҳудуди пойтахт ба масъулини дахлдор муҳлат додааст.
Тавре аз дафтари матбуоти шаҳрдорӣ ба “Озодагон” хабар доданд, масъалаи берун баровардани мошинбозор аз ҳудуди пойтахт дар ҷаласаи рӯзи 4 майи Убайдуллоев баррасӣ шуда, масъулини дахлдор бо муқаррар намудани муҳлати иҷрои он аз сӯи шаҳрдорӣ дастуру супориш гирифтаанд.
Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе афзудааст, интиқоли мошинбозор аз ҳудуди пойтахт дар нақшаи генералӣ пешбинӣ шуда, ин амру супориши Убайдуллоев низ дар ин асос сурат гирифтааст.
Инчунин, Убайдуллоев аз зертобеонаш иҷрои амру супоришҳои худ ба хотири ҷилавгирӣ аз “зиёдаравиҳо дар иҷрои русуми адёнӣ ва таблиғоти “бегона”-ро талаб кардааст.
Шаҳрдори Душанбе дар ин ҷаласа масоили вобаста ба муассисаҳои зертобеи Раёсати маорифи пойтахтро баррасӣ карда, сардори раёсати мазкурро вазифадор кардаааст, то ба хотири рафъи камбудиҳои ошкоргардида чораҳои таъхирнопазир ва нисбати масъулин фавран тадбирҳои кадрӣ андешад.
Ин супориши Убайдуллоев дар ҳолест, ки ӯ дар пайи дубора боқӣ монданаш дар курсии шаҳрдорӣ аз муаллимони тамоми муассисаҳои таълимии пойтахт хост, ба маъракаҳои пулҷамъкунии худ аз донишомӯзон хотима бахшанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |