Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон 4 нафар дар натиҷаи заҳролудшавӣ ба беморхона интиқол ёфтанд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД иттиллоъ доданд, ин шаҳрвандон пас аз истеъмоли торти худпаз заҳролуд шуда, ба маризии исҳоли хунин ё дарунравӣ (отравление) гирифтор шуданд. Бино ба маълумоти манбаъ, заҳролудшудангон- Рустам Раҳимови 51 сола, Раҳматулло Раҳимови 28 сола, Кароматулло Раҳимови 25 сол ва Нозим Раҳимови 37 сола мебошанд, ки, дар ягон ҷой фаъолият намекунанд. Феълан беморон дар беморхона ба сар мебаранд ва тафтиши ин қазия шурӯъ шудааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр