Даъвати шаҳрдорӣ барои кӯмак ба иштирокчиёни ҶБВ
Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, бахшида ба 70-умин солгарди Рӯзи Ғалаба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар пойтахтро бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ кунад.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, бо қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ба иштирокчиёни ҶБВ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони кушташуда дар он, бахшида ба Рӯзи Ғалаба ба маблағи 1000 сомонӣ кӯмакпулии яквақта расонида хоҳад шуд.
Инчунин, дар асоси ин қарори Убайдуллоев, ба афроди дар муҳосираи шаҳри Ленинград буда, шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ сарфарозшуда, нафароне, ки зиёда аз шаш моҳ дар акибгоҳ, дар давраи ҶБВ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 700 сомонӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Манбаъ мегӯяд, муовини якум ва муовинони Убайдуллоев вазифадор шудаанд, то маблағҳои ҷудогардидаро ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ-и шаҳри Душанбе зимни аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматиашон то рӯзи 7 майи соли равон шахсан расонанд.
Дар ин қарори шаҳрдории Душанбе аз тамоми роҳбарони идораву муассиса ва ташкилоту корхонаҳои пойтахт хоҳиш шудааст, дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, кумаки моддӣ расонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |