Қатли як марди ҳамҷинсгаро дар Душанбе
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон қатли як марди ҳамҷинсгароро дар шаҳри Душанбе таъйид карданд.
Як манбаъ аз мақомоти умури дохилӣ ба “Озодагон” гуфт, қатли марди ҳамҷинсгаро, ки тақрибан 55 сол доштааст, рӯзи 30-юми апрел дар ноҳияи Шоҳмансур, дар маҳаллаи маъруф ба “Гардиши фурудгоҳ” рух додааст: “Феълан ба иттиҳоми ин ҷиноят ду ҷавон боздошт шудаанд”.
Дар шарҳи овозаҳо оиди мавриди таҷовуз қарор гирифтани кушташуда, манбаъ афзуд, “тибқи иттилои тафтишот ҳолати куштор баъди алоқаи ҷинсӣ содир шудааст, аммо ин ҷо таҷовуз нест ва чун ин ҳаракатҳо бо розигии қатлшуда сурат гирифтаанд”.
Ин ҳодиса дар ҳолест, ки қаблан бархе аз ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон дар расонаҳо аз таҳдид ба ҷонашон суҳбат карда, афзуданд, ки дар талоши дарёфти паноҳандагӣ дар хориҷи кишваранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |