Мансаби нави Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва Ҷамолиддин Нуралиев
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси “Амонатбонк” раҳбари нави Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали ӯ таъин шудаанд.
Як манбаъ аз Бонки миллӣ ба "Озодагон" гуфт, муаррифии онҳо имрӯз, 4 май баргузор шуд: “Ду муовини дигари раиси Бонки миллӣ ҳам аз вазифа барканор шудаанд, аммо ҳоло маълум нест ба ҷои онҳо кӣ таъин мешавад”.
Ҷамолиддин Нуралиев, домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, ки то ҳол дар курсии муовини аввали вазири молия менишаст.
Барканории Абдуҷаббор Ширинов аз симмати раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯ дар ҳолест, ки ахиран, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз фаъолияти ин ниҳод ба таври шадид интиқод карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |