САДО: Суруди бадахшии Шабнами Сурайё ва Нобовар Чаноров
Шабнами Сурайё ва Нобовар Чаноров, овозхонҳои маъруфи тоҷик сурудеро сабт кардаанд, ки қисмате аз он бо забони рушонӣ иҷро мешавад.
Ин тарона, ки аз “даргилак” оғоз шудааст, дар ҳоле вориди бозор шуд, ки имсол Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз нақшаи баргузории Фестивали мусиқии “Даргилак” дар Душанбе хабар дод.
Дар шарҳи Вазорати фарҳанг омадааст, “дар Бадахшон сурудҳои мардумӣ хеле маъмул буда, жанрҳои фалак, мадҳияхонӣ, дафсоз (хонишҳои гуруҳии доирадастон), Даргилак, лалаик, булбулик, нанаик ва лапархонӣ ҳамчун падидаи нодир дар мусиқии суннатии мардум маҳсуб ёфта, то имрӯз мавқеи худро дар ҳаёти маънавӣ ва фарҳангии мардум нигоҳ доштаанд”.
Вазорати фарҳанг ҳадаф аз баргузории Фестивали “Даргилак”-ро “ҳифзи суннатҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва эҳёи мероси суннатии ниёгон, арзишҳои фарҳангии ғайримоддӣ, ҷонибдорӣ аз асолати фарҳангии ҳамаи халқҳои сокини Тоҷикистон” хондааст ва мусиқии суннатиро яке аз заминаҳо ва шаклу намудҳои фарҳанги Тоҷикистони муосир донистааст.
Зоҳиран, ин аввалин таронаи якҷои Шабнами Сурайё ва Нобовар Чаноров аст. Дар чанд соли ахир бо забони бадахшӣ иҷро кардани тарона миёни овозхонҳои маъруфи попи тоҷик ба ҳукми анъана даромадааст. То имрӯз Ҷонибек Муродов, Таҳмина Ниёзова ва Нигина Амонқуллова сурудҳоеро бо ин забон пешниҳод кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |