Бахшҳо
04 май 2015 11:20Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

АКС: Боздошти “миссионер” –и турк барои ҷалби тоҷикистониён ба Сурия ва Ироқ

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз боздошти як “миссионер”-и хориҷӣ -- Меҳдӣ Якуш, шаҳрванди 50-солаи Туркия хабар дод, ки ҳамчун сайёҳ вориди кишвар шуда, қасд доштааст, ҷавонони узбаки ноҳияи Рӯдакиро ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ ҷалб кунад.

Ба иттилои манбаъ, Меҳдӣ, ки миллаташ узбак буда, зодаи вилояти Қундузи Афғонистон аст, 16 марти соли равон ба Тоҷикистон ворид шуда, дар ноҳияи Рӯдакӣ бидуни ягон санаду иҷозатнома ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ машғул шудааст: “Аз ҷумла ба боварии Пардаев Абдувоҳиди 28-сола, хоҳараш Пардаева Бибироқияи 27-сола, Маҳмадиев Орифҷони 25-сола ва Искандаров Амонуллои 20-сола, миллаташон узбак, зода ва истиқоматкунандагони деҳаи Навбунёди ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ворид шуда, онҳоро моил кардааст, ки барои кор ба маҳаллаи Ҷайҳон Ҳунари вилояти Шаулаурфаи Туркия мефиристад”.

Мақомоти амнияти Тоҷикистон муътақиданд, ки бо ин роҳ Меҳдӣ Якуш қасд доштааст, ҷавонони тоҷикистониро ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ фиристад, чун вилояти Шаулаурфаи Туркия бо ин кишварҳои ҷангзада ҳамсарҳад аст: “Ин шаҳрванди Туркия харҷи роҳро низ ба уҳдаи ҷавонон вогузошта, таъкид намудааст, ки баъди кор дар Туркия ҳамаи ин хароҷотро ҷуброн мекунад. Барои харҷи роҳ хоҳару бародар Пардаевҳо ҳатто молумулкашонро фурӯхтаанд, то ба Туркия раванд”.

Масъулини амнияти Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки монеи нақшаҳои Меҳдӣ Якуш шудаанд: “Феълан ин нафар дар боздошт буда, тафтиши парванда бо иттиҳоми сӯиқасд ба ҷиноят ва ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ алайҳи ӯ идома дорад”.


АКС: Боздошти “миссионер” –и турк барои ҷалби тоҷикистониён ба Сурия ва Ироқ

АКС: Боздошти “миссионер” –и турк барои ҷалби тоҷикистониён ба Сурия ва Ироқ
Мӯҳр
Ачиб аст! Бовар кунед бародарон ин хамаааш аз бесаводии онхо истифода мебаранд. Ахамият дода бошед нафарони зиёд узбактаборанд чунки онхоро тез ба дом меафтонанд. О бедор шавед ин чи рузи сиёх аст аз як оила ду нафар кучо мераванд инхо...... меравад боз мурдааш бар мегардад.... Инхо хатман ба манфиати шахсии худшон одамонро фиреб карда мефиристан ва ин чиз вактхои охир як тичорат шудааст!

In shakhsro ba oghushi barodaroni ironi bisupored. Chi budani islom va jang dar Suriya va Iroqro baroyash nishon medihand

А кучо виза гирифтааст? Консулхо вакти виза додан муштари кати вомехурад ё ранги анкара ва мазори шариф миенаравхо хаст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)