Ҷавоби мусбати Аслов ба вазири умури хориҷии Миср

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба дархости раҳбарияти Вазорати умури хориҷии Миср дар мавриди ҳимояти Душанбе аз узвияти Қоҳира дар Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид ҷавоби мусбат додааст.
Ба иттилои “ал-ВатанНюз”, Аслов дар вохӯрияш бо сафири ғайри муқими Миср дар шаҳри Душанбе гуфтааст, Тоҷикистон аз шомил шудани Миср ба узвияти Шӯрои амнияти СММ ҷонибдорӣ хоҳад кард. Вохӯрии вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Муҳаммад ал-Бадрӣ, сафири ғайримуқими Миср дар Душанбе охири ҳафтаи гузашта баргузор шуда, дар он дипломати мисрӣ паёми раҳбарияти Вазорати умури хориҷии кишварашро ба Аслов расонида буд. Сомеҳ Шукрӣ, вазири умури хориҷии Миср дар паёми хаттии худ аз Сироҷиддин Аслов дархост кардааст, то аз шомил шудани кишвараш ба узвияти Шӯрои амнияти СММ пуштибонӣ кунад.
Дар ин вохӯрӣ Аслов бо дипломати мисрӣ масоили вобаста ба ҳамкории Душанбею Қоҳираро ҳам ба баҳс кашида, дар атрофи вазъияти Ховари Миёна, масоили мубрами минтақавию ҷаҳонӣ ва ҳамкориҳои ду кишвар дар самти мубориза бо терроризм ва чолишҳои дигари амниятӣ табодули назар кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |